Консули генералии Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Калининград мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 14.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Хуршед Шералӣ бо Губернатори вилояти Калининград Алексей Беспрозванних мулоқот кард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ оид ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ табодули афкор карда шуд.
Ҳамзамон дар мулоқот медали ҳарбии «Барои хизмати ҷангӣ» ба Алим Ишонов, зодаи Тоҷикистон, ки 81 сол пеш дар ҳайати фронти 3-юми Беларус дар амалиёти ҷангӣ иштирок карда буд, тақдим гардид. Медали мазкур аз ҷониби гурӯҳи ҷустуҷӯӣ дар ҷойҳои набардҳои соли 1945 пайдо карда шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо аъзои гурӯҳи парлумонии «Олмон ва Осиёи Марказӣ»-и Бундестаги Олмон иштирок кард
Дар Бейрут дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Лубнон баррасӣ шуданд
Ҳоким Холиқзода дар ҷаласаи навбатии Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири сайёҳии Лубнон мулоқот намуд
Дар Кувайт бахшида ба ҷашнҳои давлатии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо Раиси раёсати ширкати «Agricore Group MMC» мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Полша густариши ҳамкориро баррасӣ карданд
Қоҳир Расулзода бо Вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Антон Алихонов мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Лубнон мулоқот намуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар барномаи телевизионии «Оralar»-и Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ мулоқот намуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж консерти ҳунармандони Тоҷикистон баргузор гардид






