Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд

Апрель 15, 2026 18:20

ДУШАНБЕ, 15.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 14 апрел бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) бо иштироки беш аз 30 ҳазор мухлис ва ҳаводорони ин варзиши тоҷик баргузор гардид. Дар мусобиқа паҳлавонон аз Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия бо ҳам рақобат намуданд.

Паҳлавонони тоҷик Шакармаммад Мирмамадов, Шодмон Ризоев, Парвиз Абдураҳмонов, Хуршед Маҷидов, Фирдавс Насимов, Ғазалшои Давлатшо, Абубакри Акобир, Дадахон Қурбоналиев, Фарҳод Раҳматуллобеков, Ҳақназар Назаров, Муҳаммадӣ Лоиқзода, Субҳиддин Халилзода, Абдуллои Лоиқ, Зафар Олимшоев, Наврӯзи Каримзод, Ёсин Бобокалонов, Илҳомиддин Ҷабборов ва дигарон нисбат ба ҳарифонашон ҳунар ва маҳорати арзанда нишон дода, сазовори ҷоизаҳои олӣ гардиданд.

Аз ҷониби ташкилкунандагони мусобиқа барои ғолибон туҳфаҳои гуногун, аз қабили маблағҳои пулӣ ва 4 мошин ҳамчун Шоҳҷоиза гузошта шуд.

Як мошинро паҳлавони ҷавон аз ноҳияи Рашт Муҳаммадӣ Лоиқзода пас аз ғолиб омадан бар паҳлавони номдор аз ноҳияи Ванҷ Илҳомиддин Ҷабборов соҳиб гардид.

Шоҳҷоизаи дуюмро Шодмон Ризоев аз шаҳри Кӯлоб пас аз ғолиб омадан бар чаҳор ҳарифаш соҳиб шуд.

Инчунин Шоҳҷоизаи сеюм байни ду паҳлавони дигар — Фарҳод Раҳматуллобеков аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кектаев аз Русия гузошта шуд. Баъди рақобатҳои ҷолиб Фарҳод Раҳматуллобеков соҳиби Шоҳҷоиза – мошини электромобил гардид.

Шоҳҷоизаи чорум байни ду паҳлавони шинохта — Шакармамад Мирмамадов аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Зоҳид Ҳусайнов аз Ҷумҳурии Узбекистон гузошта шуд. Дар ин сабқати ҷолиб Шакармамад Мирмамадов бар ҳарифаш ғолиб омада, Шоҳҷоизаро соҳиб гардид.

Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 15, 2026 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд