Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ДУШАНБЕ, 23.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар 25-умин солгарди худ МегаФон Тоҷикистон лоиҳаи васеъмиқёсро оид ба дастгирии футболи кӯдакона идома медиҳад. Дар бораи мавсими нави мусобиқаи “МегаФон Life дар сабки футбол” оператор зимни маросими имзокунии шартнома бо Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон (ЛФКНТ) хабар дод.
Зери санади ҳамкорӣ директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Далер Наимов ва директори ЛФКНТ Абдулло Соқиев имзо гузоштанд. Тавре ҷонибҳо иттилоъ доданд, соли 2026 бозиҳо байни дастаҳои то 13-сола дар шаҳрҳои бузургтарини тамоми минтақаҳои мамлакат– Бохтар, Душанбе, Турсунзода, Хоруғ ва Хуҷанд баргузор мешаванд.
“Дастгирии варзиши кӯдакона барои мо на ташаббуси якдафъаина, балки кори муназзам аст. Давоми 25 сол МегаФон Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёди иҷтимоиро амалӣ намуд ва рушди футбол ҳамеша дар ин кор ҷойи махсусро ишғол мекард. Дар соли ҷашнӣ мо кӯшиш менамоем, ки барои варзишгарони ҷавон имконияти боз ҳам бештар фароҳам оварем, то онҳо тавонанд маҳорат нишон диҳанд ва ба неруи худ боварӣ ҳосил кунанд”, — иброз дошт Далер Наимов.
Директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Абдулло Соқиев ёдовар шуд, ки ҳамкорӣ бо ширкат аллакай чанд сол боз идома дорад: “Муҳим аст, ки кори муштараки мо хусусияти дарозмуддат дорад. Чунин мусобиқаҳо на танҳо шавқу рағбати кӯдаконро ба варзиш зиёд мекунанд, балки барои дарёфти бозингарони боистеъдод дар минтақаҳо низ кумак мерасонанд. Итминон дорам, ки ин барои бисёр иштирокчиён ин лоиҳа қадами нахустин ба сӯи фаъолияти касбӣ ва дастовардҳои бузург дар оянда хоҳад буд”.
Бозиҳои аввалини мавсими 2026 моҳи май баргузор мегарданд. Интизор меравад, ки бозиҳо ҳудуди 1 500 футболбози ҷавонро ҷамъ оранд. Ба ғайр аз бозиҳо дигар чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла машғулияти омӯзишӣ бо иштироки футболбозони маъруф ташкил карда мешаванд.
МегаФон Тоҷикистон — ҳамеша якҷо бо футбол!








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






