Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд

Апрель 5, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 05.04.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бобати таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ машварати методӣ баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, иштирокдорони ҷаласа доир ба камбудиҳо ва норасоиҳои мавҷудаи китобҳои дарсӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуда, барои такмили мазмуну муҳтаво, беҳтар намудани услуби баён ва мутобиқсозии онҳо ба талаботи муосири таълим таклифҳои мушаххас пешниҳод карданд.

Гуфта шуд, ки китоби дарсӣ роҳнамои асосии ҳар хонанда буда, сифати он ба сатҳи донишандӯзӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии насли наврас таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, ҳангоми таҳия ва омода намудани китобҳои дарсӣ набояд ба камбудиву норасоиҳо роҳ дода шавад.

Дар анҷоми машварат таъкид шуд, ки ҳамкории зич байни муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ тақвият ёфта, пешниҳодҳои манзуршуда дар фаъолияти минбаъда ҳатман ба инобат гирифта мешаванд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Апрель 5, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд