Озмоишгоҳи таҳқиқоти трансформатсияи техногении муҳити геологӣ, назорати радиатсионӣ ва амнияти ядроӣ ба истифода дода шуд

Апрель 15, 2026 11:20

ДУШАНБЕ, 15.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 14 апрел дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолатҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Озмоишгоҳи таҳқиқоти трансформатсияи техногении муҳити геологӣ, назорати радиатсионӣ ва амнияти ядроӣ ба истифода дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, озмоишгоҳ дар доираи созишнома байни Донишгоҳи миллии техникии Беларус ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Фаъолияти озмоишгоҳ ба анҷом додани таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ равона гардида, аз ҷумла таҳияи технологияҳои истихроҷи пайвастагиҳои унсурҳои нодирзаминӣ аз партовҳои саноатии фосфогипс ва партовҳои истеҳсолоти уран, арзёбии хавфҳои садамаҳои техногенӣ дар тӯдаҳои партов ва анборҳои нигоҳдории пасмондаҳо, таҳияи моделҳои геологӣ-иттилоотии ҳудудҳои аз ҷиҳати техногенӣ зери сарборӣ қарордошта, гузаронидани таҳқиқоти ҳисоббарорӣ ва таҷрибавӣ дар соҳаи амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, инчунин таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии техникӣ дар ин самтро дар бар мегирад.

Озмоишгоҳи нав дар ду пойгоҳи илмӣ-таълимӣ дар заминаи Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар назди Агентӣ дар шаҳри Душанбе ва дар факултети корҳои кӯҳӣ ва экологияи муҳандисии Донишгоҳи миллии техникии Беларус дар шаҳри Минск фаъолият хоҳад кард.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Апрель 15, 2026 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ доир шуд
Олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад