ПОЙТАХТ – ОИНАИ ДАВЛАТДОРӢ. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 14.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» шуруъ аз 1 марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар мамлакат Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад. Зеро пойтахт дар радифи муқаддасоти миллӣ, ба мисли Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва пули миллӣ рамзи давлатдорӣ эътироф шуда, муҳимтарин аломати муаррифии давлатдории мо, тоҷикон маҳсуб мешавад.
— Ҳар миллате, ки дар арсаи таърих соҳиби давлатдории устувор мегардад, пойтахти он ҳамчун оинаи равшани сатҳи рушд, фарҳанг, худшиносӣ ва иродаи сиёсии он миллат ба ҷаҳон муаррифӣ карда мешавад. Пойтахт на танҳо маркази идоракунӣ, балки тамаддун, фарҳанг, иқтисод ва тафаккури миллӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар даврони соҳибистиқлолӣ бо раҳнамоии сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист пойтахти худро ба шаҳри муосир, зебо ва дорои симои хоси миллӣ табдил диҳад.
Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи пойтахт дар моҳи апрел, пеш аз ҳама, ифодаи эҳтиром ба шаҳри Душанбе ҳамчун маркази давлатдорӣ ва рамзи ваҳдату худшиносии миллӣ буда, ҷашни ифтихори миллӣ, дастовардҳо ва марҳалаи нави рушд мебошад.
Дар раванди бунёдкорию созандагиҳо нақши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ боризу мондагор мебошад. Бо ташаббус ва сиёсати бунёдкорона пойтахти мамлакат солҳои охир ба тағйироту пешрафтҳои назаррас ноил гардид: аз навсозии инфрасохтори роҳу нақлиёт, бунёди иншооти иҷтимоӣ то беҳбуди муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ. Ин ҳама гувоҳи он аст, ки Душанбе имрӯз ба шаҳри замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи асри XXI табдил ёфтааст. Ҳамарӯза шоҳиди он мегардем, ки шаҳри Душанбе ба таври чашмрас рушд ва сатҳи зиндагии мардуми пойтахт баланд мегардад, корхонаҳои зиёди саноатӣ сохта, мавриди истифода қарор мегиранд.
Дар доираи ин сиёсати созанда дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамчун яке аз ноҳияҳои муҳими пойтахт корҳои мондагоре анҷом дода мешаванд. Ноҳияи Фирдавсӣ, ки номи яке аз бузургтарин шоирони номвари тоҷику форс – Абулқосим Фирдавсиро гирифтааст, имрӯз ба маркази фаъоли рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ табдил ёфтааст.
Солҳои охир дар ҳудуди ноҳия корҳои зиёди ободониву созандагӣ ба анҷом расонида шуданд. Бунёди муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, навсозии роҳҳо, сабзазоркунии кӯчаҳо ва маҳаллаҳо, таъмиру таҷдиди иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла, муассисаҳои таълимию марказҳои саломатӣ, варзишгоҳҳо ва боғҳои фарҳангиву фароғатӣ натиҷаи таваҷҷуҳи пайваста ба рушди инфрасохтори ноҳия мебошад.
Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти роҳбарияти ноҳия зери таваҷҷуҳу дастгирии Раиси шаҳри Душанбе беҳтарсозии муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Дар ин замина корҳои васеи хуррамгардонӣ, шинонидани дарахтон, тоза нигоҳ доштани муҳити шаҳр ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ доир мегарданд. Ин тадбирҳо на танҳо симои зоҳирии ноҳияю шаҳрро зебо мегардонанд, балки ба беҳтар шудани вазъи экологӣ ва саломатии аҳолӣ низ мусоидат мекунанд.
Ҳамзамон таваҷҷуҳи хосса ба рушди соҳаи маориф ва тарбия дода мешавад, зеро маҳз мактаб ва муассисаҳои таълимӣ заминаи асосии ташаккули насли созандаи ояндаи миллат мебошанд. Дар ин самт сохтмони мактабҳои нав, таъмиру таҷдиди муассисаҳои мавҷуда, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълим ва баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон аз ҷумлаи вазифаҳои афзалиятнок ба шумор мераванд.
Дар баробари ин, рушди соҳаи иқтисодӣ ва соҳибкорӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Ташкили ҷойи нави кор, дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ, беҳтарсозии шароити фаъолияти иқтисодӣ ба баланд гардидани сатҳи некуаҳволии сокинони ноҳия мусоидат мекунад.
Ҳамаи ин дастовардҳо дар натиҷаи ҳамкории зичи мақомоти иҷроияи маҳаллӣ бо аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳо ва сохторҳои гуногун ба даст омадаанд. Яъне, рушди ноҳия танҳо бо талоши роҳбарият маҳдуд намешавад, балки натиҷаи заҳмати муштараки тамоми сокинон аст.
Рӯзи пойтахт барои сокинони ноҳияи Фирдавсӣ низ фурсати арзёбии корҳои анҷомдода ва муайян намудани ҳадафҳои нав мебошад. Ин рӯз моро водор месозад, ки ба гузашта назар афканем, аз дастовардҳо ифтихор намоем ва барои ояндаи боз ҳам дурахшонтар саъю талош кунем. Имрӯз ноҳияи Фирдавсӣ, ки як гӯшаи шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад, тадриҷан зеботар гардида, гулҳои ҳамеша шукуфон дар тамоми фаслҳои сол ба симои ноҳия ва пойтахт ҳусни тоза мебахшанд. Дар баробари ин, тозагиву озодагӣ, баланд бардоштани маърифати ҷомеа, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ дар байни наврасону ҷавонон ва тамоми қишрҳои ҷомеа дар меҳвари фаъолияти роҳбарияти ноҳия қарор доранд. Дар доираи Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва таҳкиму тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардидани соли 2026 дар ноҳияи Фирдавсӣ бунёдкорӣ вусъати тоза касб намуда, рӯз аз рӯз симои ноҳия тағйир меёбад. Ҳамзамон дар боғҳои фарҳангӣ ҳамоишҳои идона баргузор мешаванд, ки ин иқдом фазои ҷашни бузурги миллиро боз ҳам рангоранг ва хотирмон мегардонад. Мардуми шарафманди ноҳия бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, омӯзгорону устодон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо талошҳои пайваста дар самти таълиму тарбия ва фарогирии донишҳои муосир барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ фаъолона саҳм мегузоранд.
Имрӯз, вақте ки ба симои похтахти азизамон – Душанбе назар меафканем, равшан эҳсос мекунем, ки пойтахти мо на танҳо маркази сиёсӣ, балки маркази умеду орзуҳои миллат, худшиносӣ ва рамзи пешрафти Тоҷикистон мебошад.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки бо идомаи сиёсати созанда ва дастгириҳои роҳбарияти мамлакат, инчунин талошҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе пойтахти мамлакат дар оянда боз ҳам зеботар, ободтар ва муосиртар хоҳад гардид.
Дилшод САФАРЗОДА,
Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе








Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
АЙНИШИНОСЕ ПУРТАЛОШ АЗ КИШВАРИ ҲАМЗАБОН. Эҳдо ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ
Чаро дар чарогоҳҳо ва заминҳои лалмии Тоҷикистон ҳашароти зараррасон бештар гардидааст?
СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ХУТАЛИ ҚАДИМ. Он таърих ва фарҳанги бостонии халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ОФТОБИ МУҲАББАТИ МИЛЛАТ ВА БУНЁДГУЗОРИ НЕРУГОҲИ «РОҒУН»
Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
ШЕЪРИ ТУРСУНЗОДА БӮИ ИШҚ, БӮИ ҶАВОНМАРДӢ ВА БӮИ ВАТАН МЕКУНАД. Эҳдо ба 115-солагии Мирзо Турсунзода
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад






