Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд

Апрель 10, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 10.04.2026./АМИТ «Ховар»/. 10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Таалатбек Масадиқовро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Сарвари давлат дар оғози суҳбат Таалатбек Масадиковро барои ба кор дар вазифаи Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ шуруъ карданаш табрик гуфтанд.

Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи СААД-ро баррасӣ карданд. Дар бораи вазъият дар минтақаи масъулияти Созмон ва атрофи он мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҳамчунин, масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии муосир баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи хос ба тақвияти ҳамкорӣ дар доираи Созмон барои таъмини вокуниши саривақтӣ ва самаранок ба таҳдиду хатарҳои амниятӣ зоҳир гардид.

Дар ин замина, Пешвои миллат аҳамияти татбиқи ҳамаҷонибаи қарорҳои дар ин самт аз ҷониби Шӯрои Амнияти Дастҷамъии СААД қабулшударо таъкид намуданд.

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Таалатбек Масадиқов 10.04.2026

Апрель 10, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон