Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар Вашингтон дар Форуми баландпоя оид ба идоракунии дороиҳо ва захираҳои байналмилалӣ иштирок намуд

Апрель 22, 2026 10:40

ДУШАНБЕ, 22.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои муҳимми вобаста ба дурнамои рушди макроиқтисодӣ дар шароити номуайяниҳои бозорҳои ҷаҳонӣ дар Форуми баландпоя оид ба идоракунии дороиҳо ва захираҳои байналмилалӣ, ки 20–21 апрел дар Вашингтон баргузор гардид, баррасӣ шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Дар форум муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода итирок намуд. Форум дар доираи Барномаи шарикии машваратӣ ва идоракунии захираҳои байналмилалӣ (RAMP)-и Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ташкил гардида, ҳамасола намояндагони сатҳи баланди бонкҳои марказӣ, фондҳои давлатӣ, ташкилоти байналмилалии молиявӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдорро ҷамъ меорад.

Дар форум масъалаҳои муҳимми вобаста ба идоракунии дороиҳои давлатӣ дар вазъи буҳронӣ, тақсимоти стратегии дороиҳо, арзёбии хавфҳои эҳтимолӣ, инчунин татбиқи технологияҳои рақамӣ дар идоракунии захираҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Форуми мазкур платформаи муҳим барои мубодилаи таҷриба, баррасии тамоюлҳои нави бозор ва густариши ҳамкории байналмилалӣ дар самти идоракунии самараноки дороиҳо ва захираҳои байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.

Иштироки роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар чунин ҳамоишҳои сатҳи баланд ба омӯзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва такмили равандҳои идоракунии захираҳои байналмилалии ҷумҳурӣ мусоидат намуда, барои таҳкими ҳамкории минбаъда бо шарикони байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Апрель 22, 2026 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад