Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси КФО дар Ванкувер иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 30.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 36-уми Конфедератсияи футболи Осиё, ки дар Ванкувер баргузор шуд, иштирок кард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Федератсияи футболи Тоҷикистонро дар конгресс ноибони президент Алишер Урунов ва Искандар Ҷалилов, инчунин котиби генералӣ Фурқат Ахмедҷонов намояндагӣ карданд.
Дар чорабинӣ президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа оғози давраи нави сармоягузории рекордӣ ба ассотсиатсияҳои миллӣ ва минтақавӣ, инчунин бошгоҳҳои конфедератсияро иброз дошт. Ӯ таъкид намуд, ки ин бо ислоҳоти ҳамаҷониба дар соҳаи идоракунӣ ва шаффофияти молиявӣ, ки дар ҳисоботи молиявии соли 2025 ва буҷетҳои солҳои 2027-2028, ки аз ҷониби Конгресси Конфедератсияи футболи Осиё тасдиқ шудаанд, имконпазир гардид.
Дар ҷараёни ҳамоиш Ҷоми Осиё-2027, ки моҳҳои январ-феврал дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, баррасӣ карда шуд.
Ҳисоботи молиявӣ ва аудитии Конфедератсияи футболи Осиё барои соли 2025 низ ба рӯзномаи конгресс дохил ва тасдиқ карда шуд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






