Сафири Тоҷикистон дар Олмон бо Президенти Ландтаги Саксония-Анҳалт мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 23.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов бо Президенти Ландтаги музофоти Саксония-Анҳалт Гуннар Шелленбергер мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон хабар доданд, дар меҳвари мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо музофоти федеролии Саксония-Анҳалт қарор доштанд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба рушди ҳамкории иқтисодӣ, бахусус дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, имконияти тавсеаи ҳамкориро дар ин самт баррасӣ карданд.
Инчунин Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти корхонаи «AECI Mining Chemicals» (Schirm GmbH), воқеъ дар шаҳри Шёнебек шинос шуд.
Дар ҷараёни боздид ҷонибҳо бо фаъолияти истеҳсолӣ, иқтидори техникӣ ва самтҳои асосии фаъолияти корхона аз наздик шинос шуданд.
«AECI Mining Chemicals» ширкати байналмилалӣ дар соҳаи истеҳсоли маводи кимиёвии махсус буда, фаъолияти он асосан ба таъмини соҳаи кӯҳкорӣ бо маҳсулот ва технологияҳои дахлдор равона гардидааст. Ширкат реагентҳои металлургӣ, эмулгаторҳо ва дигар маводи кимиёвиро барои коркарди маъдан истеҳсол менамояд. Он бахше аз гурӯҳи «AECI» мебошад, ки соли 1894 таъсис ёфта, имрӯз тақрибан 8 000 корманд дорад ва дар зиёда аз 20 кишвар фаъолият менамояд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон








Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






