Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ

Апрель 4, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 04.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти пажуҳишгоҳи «IQAir»-и Швейтсария, ки ба омӯзиши ҳамарӯзаи сифати ҳаво дар ҷаҳон машғул аст, пажуҳишгоҳ соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ бо нишондиҳандаи 57,3 мкг/м³ дар ҷаҳон дар ҷойи 3-юм нишон додааст. Чунин омадааст дар шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии мамлакат аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ, ки ба АМИТ «Ховар» расидааст.

Бояд гуфт, ки рӯзҳои охир дар сомонаҳои иҷтимоӣ, расонаҳои мустақил ва хориҷӣ масъалаи раддабандии Тоҷикистон аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ бозтоб гардида, мавриди баҳс қарор гирифтааст.

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нашри раддабандии байналмилалӣ оид ба ифлосшавии ҳавои атмосферӣ зарур мешуморад баён дорад, ки чунин баҳогузориҳо бояд тибқи шарҳи мутавозин, аз лиҳози илмӣ асоснок ва касбӣ арзёбӣ карда шаванд. Раддабандии мазкур дар асоси консентратсияи миёнаи солонаи заррачаҳои хурди дисперсион, андозаашон 2,5Мкр (PM2.5) таҳия гардида, ҳама омилҳои таъсиррасон ба сифати ҳавои атмосфериро дар қаламрави кишвар пурра инъикос намекунад.

Боиси зикр аст, ки дар чунин шароити раддабандӣ нишондиҳандаҳои мамлакат аз маълумоти шумораи ками нуқтаҳои ченкунӣ гирифта шудаанд, махсусан аз нуқтаҳое, ки дар минтақаҳои таъсири партовҳои шаҳрӣ ва интиқоли чангу ғубор насб гардидаанд. Ин маънои онро дорад, ки баровардани хулосаҳои фарогир барои тамоми мамлакат танҳо дар асоси маълумоти нисбатан ками нуқтаҳои сифати ҳаво аз нигоҳи методологӣ пурра дуруст нест.

Бояд ба назар гирифт, ки ҷойгиршавии кишварҳо дар раддабандии байналмилалӣ на танҳо аз вазъи воқеии экологӣ, балки аз пуррагӣ, зичӣ ва шабакаи мушоҳидавии сифати ҳаво низ вобаста мебошад. Дар ҳолати маҳдуд будани шумораи нуқтаҳои мониторинг нишондиҳандаи ниҳоӣ метавонад ба маълумоти истгоҳҳои алоҳида ё нуқтаҳои шаҳрӣ вобаста бошад ва дар ин ҳолат наметавон тамоми қаламрави давлатро пурра инъикос намуд.

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ мониторинги сифати ҳавои атмосфериро ба роҳ мемонад. Аз моҳи ноябри соли 2016 дар Агентӣ стансияи худкори мониторинги сифати ҳаво фаъолият менамояд, ки дар ҳамкорӣ бо Институти метеорологии Финландия сохта шудааст. Стансияи мазкур назорати шабонарӯзии таркиби атмосфераи шаҳри Душанберо таъмин намуда, дар он консентратсияи газҳои асосии ифлоскунанда (оксидҳои карбон, нитроген ва сулфур), инчунин заррачаҳои муаллақ (PM₁₀, PM₂.₅, PM₁) ва параметрҳои метеорологӣ (самт ва суръати шамол, ҳарорат, намнокӣ ва фишор) чен карда мешаванд.

Сарчашмаи маълумоти раддабандишуда ғайрирасмӣ буда, он ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ комилан мутобиқат намекунад. Аз ҷумла, дар иттилоъ омадааст, ки соли 2025 дар таркиби ҳавои шаҳри Душанбе консентратсияи PM2.5 бо нишондоди 57,3 (мкг/м3) ба қайд гирифта шудааст, ки аз меъёри пешниҳоднамудаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (5мкг/м3) 11,5 маротиба зиёд мебошад.

Дар айни замон дар Агентии обуҳавошиносӣ аз рӯи меъёрҳои пешниҳоднамудаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар ҷумҳурӣ қабул гардидааст, маълумот коркард карда мешавад. Тибқи пешниҳоди ин меъёрҳо, сатҳи миёнаи рӯзона ва моҳонаи заррачаҳо 2,5мкр 35 мкг/м3 қабул гардидааст, ки он танҳо аз меъёр 1,17 маротиба зиёд мебошад.

Бояд гуфт, ки бо пешниҳоди маълумоти миқдори ками стансияҳои сифати ҳаво, ки танҳо дар шаҳри Душанбе мавҷуд мебошанд, баҳогузории тамоми ҷумҳурӣ дуруст нест. Барои баҳогузории пурраи сифати ҳаво дар асоси дастурамалҳо меъёрҳои муосир, шароити ҷуғрофӣ ва ҳудуди фарогири мушоҳидавӣ бояд ба инобат гирифта шаванд.

Ҳамин тавр, мавқеи Агентӣ чунин аст: раддабандии «IQAir»-ро наметавон нодида гирифт, аммо онро ҳамчун арзёбии комилан пурраи сифати ҳаво дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон низ қабул кардан дуруст нест. Раддабандии мазкур мавҷудияти мушкилоти ҷиддиро бо заррачаҳои андозаашон 2,5Мкр (PM2.5) нишон медиҳад, аммо барои хулосаҳои дақиқ зарур аст, ки мониторинги васеъ, инчунин муқоисаи маълумоти байналмилалӣ бо мушоҳидаҳои миллӣ ва таҳлили манбаъҳои ифлосшавӣ анҷом дода шавад. Маҳз чунин равиш метавонад воқеъбинона, касбӣ ва мутобиқ ба манфиатҳои ҷумҳурӣ бошад.

Раддабандии байналмилалӣ бояд ҳамчун маводи таҳлилии роҳнамо истифода шуда, бо маълумоти миллии мониторинг, шароити обуҳавошиносӣ ва манбаъҳои ифлосшавӣ муқоиса гардад. Танҳо таҳлили дақиқ вазъи воқеии ҳаворо дар ҷумҳурӣ пурра нишон медиҳад.

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳидаҳои мунтазами ҳолати ҳавои атмосферӣ, таҳлили омилҳои ифлосшавӣ ва такмили низоми мониторингро идома медиҳад, то баҳодиҳии пурра ва боэътимоди сифати ҳаво дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда шавад.

АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Апрель 4, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст