СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Суғд зиёда аз 12 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 29.04.2026./АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд зиёда аз 12 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Ҳамзамон дар доираи тадбирҳои судманд бахшида ба таҷлили ин ҷашн сохтмони беш аз 3000 иншооти иловагӣ идома дорад. Корҳои ободониву бунёдкорӣ дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят вусъат меёбанд.
Дар ин раванд рушди босуботи ҳама соҳаҳо, аз ҷумла иқтисодию иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш таъмин гардида, барои зиндагии шоистаи сокинон шароити муосир фароҳам оварда мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






