ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Барномаи иттилоотии «Kudak.tj» барои муассисаҳои томактабии шаҳри Душанбе рунамоӣ гардид

Апрель 27, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 27.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе  барномаи иттилоотии «Kudak.tj» барои муассисаҳои томактабии шаҳри Душанбе рунамоӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе  хабар доданд.

Барномаи иттилоотии «Kudak.tj» дар асоси Қарори Раиси  шаҳри Душанбе аввалин маротиба дар муассисаҳои томактабии пойтахт ба кор дароварда шудааст. Барнома Раисибарои ташкили омори ягона, равиши нав ва самараноки содагардонии раванди бақайдгирии кӯдакон, осон кардани кори мураббиён ва рушди иртиботи волидон бо муассисаи томактабӣ нақши назаррас дорад. Барнома ба танзими кори муассисаҳои томактабӣ мусоидат намуда, муассисаҳои таълимии томактабиро вориди марҳилаи нав – муҳити рақамӣ месозад.

Кормандони Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе  раванди кор бо барномаро шарҳ дода, иброз намуданд, ки баъди бақайдгирӣ дар барномаи иттилоотии «Kudak.tj» волидон тавассути он метавонанд аз харитаи электронӣ муассисаи дилхоҳро интихоб карда, барои дохил намудани фарзандонашон ба он маълумот ворид намоянд. Ба воситаи ин барнома дар навбати электронӣ қарор гирифта, ариза ба роҳбарияти маориф (Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт) равон кунанд.

Иттилоъ дода шуд, ки барномаи иттилоотии «Kudak.tj» барои мураббиён ва волидон имконияти нави омӯзишӣ ва фароғатӣ муҳайё месозад. Яке аз ин имконият дар аккаунти мураббиён ва волидон дастрасӣ ба китобҳои электронӣ, афсонаҳо ва аудиокитобҳо мебошад. Волидон метавонанд дар ин платформа китобҳои электронӣ ва афсонаҳои гуногунро барои фарзандонашон интихоб намоянд, ки ин метавонад дар рушди маънавӣ ва таълимии кӯдакон кумак расонад. Инчунин қисматҳои интерактивӣ дар барнома ба ҷалби кӯдакон ва тарғиби хондан ва омӯзиш дар муҳити рақамӣ равона шудаанд.

Ин имконият ба волидайн кумак мерасонад, то ки ба фарзандонашон на танҳо маълумот, балки контенти фароғатӣ ва таълимии гуногун пешниҳод намоянд.

Волидон имкон доранд, ки муассисаи томактабии дилхоҳи худро аз харитаи электронӣ пайдо намуда, оид ба гурӯҳҳои синнусолӣ ва ҷойи холии он маълумот гиранд. Инчунин волидайн тавассути ин платформа метавонанд аз фаъолияти фарзандашон дар муассисаи томактабӣ бохабар шаванд.

Ҳадаф аз татбиқи барномаи иттилоотии «Kudak.tj» рақамикунонии соҳа, автоматикунонии равандҳои таҳсилоти томактабӣ ва таъмини фарогирии муназами кӯдакон ба муассисаи томактабӣ мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 27, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд