Варзишгарони навраси Ёвон дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол соҳиби ҷойҳои намоён шуданд

Апрель 28, 2026 10:35

ДУШАНБЕ, 28.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 24 апрел дар Ҷумҳурии Қазоқистон байни наврасони солҳои таваллуди 2015 – 2016 Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол баргузор гардид. Дар ин мусобиқа дастпарварони Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишӣ оид ба футбол»–и ноҳияи Ёвон иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки варзишгарони навраси ноҳия ҷойҳои ифтихории дуюм ва сеюмро сазовор гардида, мураббиёни онҳо барои саҳми арзанда дар тарбияи варзишгарон бо унвони «Беҳтарин мураббӣ» қадрдонӣ карда шуданд.

Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода зимни суҳбат бо варзишгарон ва мураббиёни онҳо иброз намуд, ки ин дастовардҳо нишони равшани сиёсати хирадмандонаи давлату Ҳукумат дар самти рушди варзиш ва тарбияи насли солиму ватандӯст ба ҳисоб мераванд.

Имрӯзҳо таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ тақвият ёфта, дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ барои  оммавигардонии варзиш, ҷалби наврасону ҷавонон ба машқу тамрин ва фароҳам овардани шароити муосир тадбирҳои судманд амалӣ мегарданд.

Дар доираи сиёсати пешгирифта бунёду таҷдиди инфрасохтори варзишӣ, аз ҷумла майдончаҳои варзишӣ, толорҳои муосир ва муассисаҳои махсусгардонидаи варзишӣ густариш ёфта, барои рушду парвариши истеъдодҳои ҷавон имконоти мусоид фароҳам оварда шудаанд. Ин тадбирҳо заминаи боэътимоди омодагии босифати варзишгаронро фароҳам оварда, иштироки муваффақонаи онҳоро дар мусобиқаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ таъмин менамоянд.

Ба ғолибон ва мураббиён аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Апрель 28, 2026 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд