«ЗАМИН ХОНАИ ЯГОНАИ МОСТ – ОНРО ДӮСТ ДОРЕМ! ». Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии Замин

Апрель 22, 2026 12:30

ДУШАНБЕ, 22.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2009 бо қарори Маҷмаи Умумии Созмони Милалии  Муттаҳид  ҳамасола 22 апрел Рӯзи байналмилалии Замин таҷлил карда мешавад. Дар ин қарор таъкид шудааст, ки Замин хонаи умумии мо буда, барои ноил гаштан ба мувозинаи одилона миёни талаботи мавҷудаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ ва наслҳои минбаъда барои  муназзамии табиати сайёра бояд тадбирҳо андешид.

Тавре ба  АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, дар Тоҷикистон, ки 93 фоизи ҳудудашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, бахшида ба Рӯзи Замин баргузории чорабиниҳои гуногун,   аз қабили  ҳамоишу нишастҳо, мизҳои мудаввар, ҳашарҳои экологӣ, аз ҷумла тоза кардани заминҳои бо заҳрхимикатҳо олуда, ҷамъоварии партовҳои пластикӣ ва дигар корҳо ба ҳукми анъана даромадааст.

Пайдоиши Рӯзи байналмилалии Замин  аз он ибтидо мегирад, ки соли 1969 дар наздикии шаҳри Санта Барбараи иёлати Калифорнияи Амрико бузургтарин резиши нафт рух дод. Бар асари садама дар платформаи истихроҷи оффшорӣ чандин миллион тонна нафти хом ба уқёнус рехта шуд. Натиҷаҳои он фалокатовар буданд: ҳазорҳо парандагон ва ширхӯрони баҳрӣ фавтиданд ва саршумори моллюскҳо дар соҳил 90 фоиз коҳиш ёфт. Зарари дақиқи ба муҳити зист расидаро ҳисоб кардан ғайриимкон аст, ҳайвонот ва растаниҳои зарардида танҳо дар баҳр бе нишона нопадид шуданд. Ҳоло ҳам ин резиши нафт аз рӯи миқёс дар ҷои сеюм аст. Фалокат ба иқтисодиёти Амрико,  хусусан ба иёлати  Калифорния ва афкори ҷомеа таъсир расонд.

Пас аз як соли ин ҳодиса узви сенат Гейлорд Нелсон аз амрикоиҳо даъват намуд, ки дар иқдоми густурдаи экологӣ ба хотираи офати табиӣ иштирок кунанд. 22 апрели соли 1970 дар тамоми мамлакат бештар аз 20 миллион одамон ба ин даъват ҳамовоз шуданд ва эътирози васеи аҳли ҷамъият боиси қабули якчанд  қонуни муҳими ҳифзи муҳити зист гардид.

Рӯзи Заминро дар 180 давлати дунё беш аз 500 миллион  нафар таҷлил менамоянд. Албатта, масъалаҳои доғи экологӣ — аз қабили торафт гарм шудани иқлим, сӯрох шудани қабати озон, об шудани пиряхҳо, баланд рафтани сатҳи оби уқёнусҳо, эрозияи хок, ихроҷи ғализи дуди корхонаҳои саноатӣ, ифлос шудани муҳити зист бо маводи кимиёвӣ ва садҳо муаммоҳои дигар пешорӯи ҷомеаи ҷаҳон қарор доранд.

АКС: Кумитаи ҳифзи  муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 22, 2026 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои рафтор, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандиро муқаррар менамояд
Конститутсияи Тоҷикистон барои ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ заминаи ҳуқуқӣ ва бунёдӣ фароҳам овард
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Исломиддин Раҳмон: «Омӯзиши Конститутсия ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ мусоидат менамояд»
Дилором Абдураҳимзода: «Занон дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва таъмини адолати судӣ саҳми арзанда мегузоранд»
Қабули Конститутсия марҳалаи муҳимми рушди давлатдории муосири тоҷикон аст
Конститутсия-пояи давлатдории миллӣ ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд
Конститутсия барои ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд заминаи асосӣ мебошад
КОНСТИТУТСИЯ — САНАДИ САРНАВИШТСОЗ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
КОНСТИТУТСИЯ-ТАҲКУРСИИ УСТУВОР ВА САНАДИ БУНЁДГУЗОР. Он дар таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳим дорад
КОНСТИТУТСИЯ–САНАДИ КАФОЛАТДИҲАНДАИ ҲУҚУҚИ ЗАНОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид
Устувонаи Куруши Бузург ва Конститутсияи Тоҷикистон ду сутуни як бинои бошукӯҳи давлатдории миллӣ мебошанд