ЗАРФИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ УСТУВОР. Ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 23.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 декабри соли 2025 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки яке аз дастовардҳои муҳимми соли сипаришаванда аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани қатъномаи махсус таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» мебошад. Қатъномаи мазкур аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 24 сентябри соли 2024 пешниҳод шуда буд. Қабули он дар ин Паём дастоварди назаррас ва рӯйдоди муҳими сол арзёбӣ гардид.
– Қабули қатъномаи мазкур аз пуштибонии якдилонаи кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва гузоштани гоми муҳим дар роҳи бунёди ризояти ҷаҳонӣ оид ба истифодаи бехатар ва бар пояи ахлоқ асосёфтаи зеҳни сунъӣ, аз ҷумла рушди механизмҳои худтанзимкунӣ ва мудирияти масъулиятноки технологияҳои зеҳни сунъӣ дар сатҳи минтақаҳои гуногуни мамлакат дарак медиҳад. Дар ҳуҷҷати мазкур ҳамчунин механизмҳои асосии истифодаи муассири технологияҳои зеҳни сунъӣ барои таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказӣ ба таври возеҳу равшан муайян карда шудааст. Яке аз чунин механизмҳои пешниҳодшуда таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, ки он ба ҳамоҳангсозии раванди татбиқи барномаҳои муштараки марбут ба зеҳни сунъӣ на танҳо дар мамлакат, балки дар Осиёи Марказӣ мусоидат карда, аз самтҳои зерин иборат аст:
— пешбурди барномаҳои муштараки омӯзиши мутахассисон ва дастгирии стартапҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар доираи паркҳои технологӣ дар минтақа;
— татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар байни донишгоҳҳо, муҳаққиқон ва озмоишгоҳҳои минтақа;
— ташкили шабакаи муштараки марказҳои ҷамъоварии маълумот барои афзоиши дастрасӣ ба зерсохтори ҳисоббарорӣ дар кишварҳои минтақа;
— ҳамоҳангсозии талошҳои миллӣ бо мақсади қабули принсипҳои умумии мудирияти ҳамоҳангшуда, масъулиятнок ва худтанзимкунии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ;
— пешбурди ташаббусҳои марбутаи ҷаҳонӣ бо шарикони байналмилалӣ.
Қабул шудани қатъномаи мазкур аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба хотири пешбурди муколамаи ҷаҳонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва аҳаммияти таърихии сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.
Пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин радиф Пешвои муаззами миллат иброз доштанд, ки пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имконияти зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хидматрасонӣ табдил дода шаванд. Ҳамзамон ба Парлумони мамлакат барои чораҷӯйӣ оид ба таъмин намудани заминаи ҳуқуқии гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.
Бояд гуфт, ки бе рушди зеҳни сунъӣ амалишавии ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)», «Барномаи давлатии рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» ва «Стратегияи рушди иқтисоди рақамӣ» ғайриимкон аст. Аз татбиқи ин иқдом баръало аён аст, ки имрӯзҳо мамлакат дар татбиқи амалии муваффақонаи ҳадафҳои хеш гомҳои устувор бардоштааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ масъулини хадамоти алоқаро вазифадор намуданд, ки барои бо интернети баландсуръат таъмин намудани аҳолӣ ва рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла таҷдиди хатҳои нахиву нурии байнишаҳрӣ ва зиёд намудани хатҳои байналмилалӣ тадбирҳои фаврӣ андешанд.
Зарурати татбиқи омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани раванди идораи давлатӣ бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар ин ҳуҷҷати муҳим садо дода, бо мисолҳои мушаххас, аз ҷумла “дар солҳои гузашта, яъне то ҷорӣ намудани технологияҳои муосири ҳисоб ва пардохти неруи барқ – низоми рақамии биллингӣ дар ҳисоботи шабакаҳои барқ 30 — 40 фоизи аҳолӣ ҳаққи истифодаи неруи барқро пардохт намекард. Баъд аз ҷорӣ шудани низоми нави биллингӣ 100 фоизи аҳолӣ ҳамчун пурра пардохткунандаи ҳаққи истифодаи неруи барқ ба ҳисоб гирифта мешавад” тақвият ёфтанд. Таъкиди Пешвои миллат маънои онро дорад, ки бо татбиқи зеҳни сунъӣ таъсири омилҳои инсонӣ дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш ёфта, хавфи сар задани омилҳои коррупсионӣ камтар мегардад.
Дар баробари тадбирҳои мазкур Пешвои миллат дастур доданд, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вазифадор карда шаванд, ки якҷо бо вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав ва молия талаботи бозори меҳнатро дар самти иқтисоди рақамӣ омӯхта, барои зиёд намудани теъдоди мутахассисони соҳаи мазкур, инчунин барои баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҷомеаи ҷаҳониро имрӯз бе иттилоот ва технологияҳои иттилоотӣ–коммуникатсионӣ тасаввур кардан номумкин аст. Ҳамаррӯза ба фазои маҷозӣ миллиард ва аз он ҳам зиёд иттилоот ворид шуда, коркард карда мешаванд.
“Зеҳни сунъӣ ҷолибтарин ихтирооти асри XXI ба шумор меравад. Он ҷаҳони моро тағйир дода, усулҳои кор, омӯзиш ва ҳаёти ҳаррӯзаи моро боз ҳам муассиртар месозад. Зеҳни сунъӣ ин фанновариест, ки ба компютерҳо ва системаҳо қобилияти иҷро кардани вазифаҳоеро медиҳад, ки қаблан танҳо инсонҳо метавонистанд онҳоро иҷро кунанд. Ба ин вазифаҳо шинохтани садо, акс, матн, қабули қарорҳо ва ҳатто пешгӯии рӯйдодҳо дохил мешаванд. Ҳадафи асосии зеҳни сунъӣ ба системаҳо омӯзонидани қобилияти «фикр кардан» ва «омӯхтан» аст. Аслан, зеҳни сунъӣ ба кам кардани қувваи меҳнат тавассути технология оварда мерасонад. Яъне, кор бештар тавассути технологияи рақамӣ ва компютер идора ва амалӣ мегардад. Ба забони русӣ онро “искусственный интеллект” ва ба забони англисӣ “аrtificial intelligence” меноманд. Онро ба ибораи дигар “инсон дар дохили компютер” низ меноманд” (Асламов Б.С., ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия ва дигар муаллифон. Аз шабакаи иҷтимоии Интернет).
Боиси хушнудӣ ва сарфарозии раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев аст, ки охири моҳи апрел бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои асосии Донишгоҳ Маркази таълимии “Зеҳни сунъӣ” муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири техникӣ мавриди истифодаи донишҷӯён қарор мегирад.
Ин марказ ба хотири татбиқи ҳадафҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)», «Барномаи давлатии рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» ва «Стратегияи рушди иқтисоди рақамӣ», инчунин бобати омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори озоди меҳнат бо ҷалби шарикони рушд таъсис меёбад.
Дар сохтори донишгоҳ аллакай Маркази таълимии зеҳни сунъӣ бо номи Озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ ҳамчун яке аз марказҳои таълимӣ-таҳқиқотӣ бо 10 компютери замонавӣ, 20 ҷойи нишаст ва инчунин таҷҳизоти муосир таъсис дода шудааст. Таъсиси чунин марказ гувоҳи он аст, ки раёсати донишгоҳ ба самти технологияҳои муосир, махсусан зеҳни сунъӣ диққати ҷиддӣ медиҳад.
Ҳадаф аз таъсиси ин марказ омода сохтани мутахассисони соҳаи AI ва технологияҳои рақамӣ, рушди таҳқиқоти илмӣ (machine learning, data science ва ғайра) ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар раванди таълим мебошад.
Таъсиси чунин марказ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ сатҳи таълимро ба стандартҳои байналмилалӣ наздик намуда, барои донишҷӯён имконияти нав (лоиҳаҳо, стартапҳо) фароҳам меорад ва ҳамкориро бо ташкилоти байналмилалӣ ва IT-бахшҳо тақвият мебахшад.
Таъсиси маркази мазкур қадами муҳим дар роҳи рақамисозии таълим ва рушди илм на танҳо дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ, балки дар минтақаи Бадахшон мебошад.
Тавре Пешвои миллат изҳор намуданд, соли 2026 барои миллати тоҷик соли таърихӣ – соли таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аст. Тоҷикистони куҳанбунёд, аммо тозаистиқлоли мо дар масири таърих 35-сола мешавад.
Дар робита ба ин раёсати Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо омодагӣ ва нақшаҳои мушаххаси корӣ тасмим гирифтааст, ки таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро бо натиҷаҳои назаррас истиқбол гирифта, дар баробари дигар муассисаҳои таълимӣ дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, рушди илми ватанӣ, робитаҳои байналмилалӣ дар самти табодули академӣ иқдоми шоиставу наҷибро амалӣ намояд.
Муҳаммадалӣ АЗИЗӢ,
муовини якуми ректор, муовини ректор оид ба таълими
Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев,
доктори илмҳои педагогӣ, профессор








«ЗАМИН ХОНАИ ЯГОНАИ МОСТ – ОНРО ДӮСТ ДОРЕМ! ». Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии Замин
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — ниҳоди мафкурасоз ва таҳкимбахши худшиносии миллӣ
АНОРПАРВАРӢ. Дар Тоҷикистон 2026 гектар боғи мевадиҳандаи анор мавҷуд аст
РӮЗИ БУЗУРГДОШТИ САЪДИИ ШЕРОЗӢ. Осори безаволи шоир дар тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа нақши муҳим дорад
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Муъминобод форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — АСОСГУЗОРИ ИСЛОҲОТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОН. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН. Ҳифзи пиряхҳо барои амният, шукуфоӣ ва адолат муҳим аст
20 АПРЕЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Ин мақомот сиёсати ҳуқуқии давлатро таъмин мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қулфинай фаромӯшхотириро кам мекунад
Истифодаи нодурусти маводи пластикӣ ба саломатии инсон чӣ гуна таъсир мерасонад?
СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ! Имрӯз Душанбе гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик гардидааст
Душанбе бо зебоӣ ва тароваташ байни сокинон ва сайёҳон ҳамчун «шаҳри гулҳо» маъруф аст






