ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Нақши он дар пешрафти иқтисоди рақамӣ чӣ гуна аст?

Апрель 2, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 02.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Низоми маорифи ҷаҳонӣ дар марҳалаи рушду пешрафт ва дастовардҳои назаррас қарор дошта, ҷомеаи ҷаҳонӣ босуръат ба самти рақамикунонии комил қадам мезанад. Зеҳни сунъӣ, ки то инҷониб танҳо дар филмҳои фантастикӣ дида мешуд, имрӯз ба паси партаҳои мактабӣ омада расидааст. Оё технологияи нав метавонад омӯзгори имрӯзаро аз «хастагӣ»-и ҳаррӯза наҷот диҳад ва сатҳи дониши хонандагонро ба қуллаҳои нав расонад? Ё ҷомеаи мутамаддин ба хатари аз байн рафтани арзишҳои таълимии анъанавӣ ва коҳиши тафаккури мустақили насли наврас рӯ ба рӯ мешавад?

— Дар идома мо паҳлуҳои гуногуни инқилоби технологӣ- зеҳни сунъиро баррасӣ карда, мебинем, ки чӣ гуна зеҳни сунъӣ метавонад ба низоми маорифи ҷаҳон ворид гардад.

Бо назардошти вазъи феълии ҷаҳони муосир ва тамоюлҳои рушди босуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мавзуъҳои хеле муҳим ва рӯзмарраи ҷомеаи мо зеҳни сунъӣ ва нақши он дар пешрафти иқтисоди рақамӣ ба шумор меравад. Мо дар остонаи пешравиҳои саноатӣ қарор дорем, ки дар маркази он технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ меистанд. Дар ҷумҳурии мо солҳои 2025–2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон шудаанд, зеро он аҳамияти муҳими стратегӣ дорад.

Таъсиси ниҳоди илмӣ дар соли 2026 қадам ба самти пешрафт ба шумор рафта, дар ҷумҳурӣ ниҳоди нав — Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис ёфт. Яъне, имрӯз дар ҷаҳон қудрати давлатҳо ба илму дониш ва ҷаҳонбинии шаҳрвандони онҳо вобаста буда, маҳз насли босаводу донишманд ва соҳибмаълумот метавонад рушди иқтисодию иҷтимоии ватани худро таъмин намояд.

Бо назардошти афзалияти бештар пайдо намудани соҳаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таъсиси ин муассисаи  таълимиро ҳамчун нишонаи пешсафии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» аз 25 июли соли 2025, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шуда буд, номидан мумкин аст.

Дар ин раванд барои омода намудани мутахассисони соҳибкасб, забондон ва дорои донишҳои замонавӣ дар бахшу соҳаҳои гуногун бо иқдоми навбатии Президенти ҷумҳурӣ дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис ёфтани муассисаи давлатии «Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ» идомаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб шуда, барои соҳибкасб гардидани ҷавонон имконоти навро фароҳам меоранд.

Истифодаи зеҳни сунъӣ дар дилхоҳ соҳа, аз ҷумла соҳаҳои бонкдорӣ, кишоварзӣ ва энергетика имкон медиҳад, ки хароҷот кам шуда, маҳсулнокии кор ба таври назаррас афзоиш ёбад. Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон зеҳни сунъӣ метавонад дар самти маориф таҳаввулот ба вуҷуд орад. Масалан, платформаҳои таълимии мутобиқшаванда, ки ба ҳар хонанда ё донишҷӯ вобаста ба қобилияташ метавонад барномаи инфиродӣ пешниҳод намояд. Дар соҳаи тиб  ташхиси барвақти бемориҳо бо ёрии алгоритмҳои зеҳни сунъӣ, ки аксҳои рентгенӣ ва таҳлилҳоро бо дақиқии баланд пешниҳод менамоянд, ки аз манфиат холӣ нест. Дар самти беҳдошти муҳити зист, аз ҷумла пешгӯии офатҳои табиӣ ва назорати ҳолати пиряхҳо, ки барои мамлакати кӯҳсори мо муҳим аст, зеҳни сунъӣ нақши бориз дошта метавонад.

Доир ба ҷойгоҳ ва нақши зеҳни сунъӣ чунин назар аст, ки зеҳни сунъӣ ивазкунандаи шуури инсон набуда, балки абзорест, ки тавоноии инсонро даҳҳо баробар зиёд мекунад. Яъне бамаврид истифода бурдан аз технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ кори инсонро дар маҷмуъ даҳҳо ва садҳо маротиба осон ва дар мавриди зарурӣ сари вақт иҷро менамояд.

Албатта, дар баробари имконҳо масъалаҳои амнияти киберӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ низ паҳлуи дигари масъала ба шумор рафта, таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки давлатҳои аз лиҳози дастовардҳои технологӣ ақибмонда рақобатпазир нестанд. Бо вуҷуди ин, соли равон барои ҷумҳурии мо соли гузариш ба марҳалаи нави рақамикунонӣ ба шумор рафта, истифодаи оқилонаи зеҳни сунъӣ метавонад мамлакати моро ба пешравиҳои технологии муосир равона созад.

Аз рӯйи мушоҳидаҳо мебинем, ки низоми маорифи ҷаҳон аз ин ба баъд танҳо бо китобҳои дарсии коғазӣ маҳдуд набуда, бо имконоти зеҳни сунъӣ пешравиҳои назаррас карда истодааст. Масалан, омӯзиши инфиродии ҳар хонанда тарзи қабули маълумоти хосси худро дорад. Алгоритмҳои зеҳни сунъӣ сатҳи дониши хонандаро таҳлил карда, барои ӯ барномаи махсус тартиб медиҳад. Дар ин ҷо савол ба миён меояд, ки нақши зеҳни сунъӣ чӣ гуна кумак мерасонад? Дар ҷавоб бояд гуфт, ки агар хонанда аз фанни математика дар мавзуи муодилаҳо ба душворӣ рӯ ба рӯ шавад, зеҳни сунъӣ инро пайхас карда, маводи иловагии аёнӣ, аз ҷумла аудио, видео, ҷадвалу нақша ва супоришҳои осонфаҳмр пешниҳод мекунад, то он даме, ки хонанда мавзуъро пурра азхуд кунад. Чунин тарҷрибаҳо дар мактабу донишгоҳҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар мамлакатҳои аз лиҳози технологӣ пешқадам мавриди истифода қарор доранд.

Зеҳни сунъӣ ҳамчун манбаи ёрирасон барои омӯзгор муҳим аст? Оё кори омӯзгор бо истифода аз имконҳои зеҳни сунъӣ осон мешавад? Инҳо суолҳоеанд, ки кайҳо боз ҷавоби амалии худро ёфтаанд. Масалан, омӯзгор вақти зиёди худро барои санҷиши вазифаи хонагӣ, санҷиши корҳои хаттӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ сарф мекунад, вале бо истифода аз зеҳни сунъӣ ин амалҳо ба таври автоматӣ иҷро карда мешаванд. Зеҳни сунъӣ сарфаи вақти омӯзгорро таъмин намуда, санҷишҳои тестӣ ва дилхоҳ супоришҳои хаттиро фавран санҷида, метавонад ба омӯзгор маълумот пешкаш намояд. Чунин тарзи кор ба омӯзгор имкон медиҳад, ки бештар ба паҳлуҳои эҷодии дарс таваҷҷуҳ намояд.

Ҳамгироии зеҳни сунъӣ дар низоми маорифи ҷаҳонӣ имкон медиҳад, ки сифати таҳсилот куллан тағйир дода шуда, зеҳни сунъӣ дигар сюжаи филмҳои хаёлӣ набуда, он воқеияти замон ва яке аз муҳаррикҳои асосии маорифи муосири ҷаҳон шудааст. Яъне мо бояд дарк намоем, ки технологияҳои муосир барои иваз намудани омӯзгор набуда, балки барои тавонотар, кордонтар намудан дар фаъолияти омӯзгории ӯ мебошанд. Омӯзгор имрӯз бо ёрии зеҳни сунъӣ метавонад ба қалби ҳар хонанда роҳ ёбад.

Мо дар марҳалаи тазоди таърихие қарор дорем, ки муваззаф ҳастем технологияҳои муосирро омӯхта, насли рақобатпазир тарбия намоем ва танҳо бо ҳамин роҳ дар фазои ҷаҳони рақамӣ рақобати солим дошта бошем. Пазируфтани навовариҳо дар ҳама давру замон бо нигоҳ доштани арзишҳои инсонӣ муҳим буда, дар ниҳоят ҳадафи ҳама гуна технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ хизмат ба зеҳни баланди инсонӣ мебошад.

Сайфиддин МУРОДОВ,
мудири бахши иттилооти дастгоҳи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 

АКС аз муаллиф

Апрель 2, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвоии стратегии Эмомалӣ Раҳмон дар рушди муколамаи минтақавӣ: аз Эъломияи Хуҷанд то шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатӣ
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
Занони тоҷик бо ҳунари порадӯзӣ хона ва ҷиҳози арӯсонро оро медиҳанд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Растаниҳои баҳории ҷағ-ҷағ ва ҷамилак барои бемориҳои фишорбаландӣ муфиданд
Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз, сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ — ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ШАҲРВАНД. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Исфаноҷ пайдоиши саратонро пешгирӣ мекунад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд