«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 05.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барои муаррифии либоси атлас, адрас, чакан ва дигар либосҳои миллӣ аз ҷониби Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе таҳти унвони «Зеби чакану атлас, зебосанами тоҷик» иқдоми шаҳрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар ин рӯз ҷавондухтарон бо либосҳои миллӣ ба боғу гулгаштҳо ба сайру гашт баромада, либосҳои миллии тоҷиконаро ба шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт муаррифӣ намуданд.
Либоси миллӣ рукни фарҳанги миллат ба шумор меравад. Он ёдгоре аз гузаштагон аст, ки давоми қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Солҳои охир таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст.
Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори ойину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб мешавад. Либоси миллӣ яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё мебошад.
АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе








Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид






