23 МАЙ — РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Онҳо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ва омили муҳими суботи сиёсӣ мебошанд

Май 22, 2026 11:15

ДУШАНБЕ, 22.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 майи соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, фармон «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расониданд. Маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ сабаб шуд, ки 23 май Рӯзи ҷавонон эълон гардад.

— Дар шароити муосири рушди давлатдории миллӣ сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҷавонон ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа, омили муҳими суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ нақши калидӣ доранд.

Аз ин лиҳоз, ташаккули заминаҳои мустаҳками ҳуқуқӣ барои дастгирӣ, тарбия, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ аҳаммияти махсус касб менамояд. Ҷавонон яке аз бузургтарин гурӯҳҳои иҷтимоӣ-демографии ҷомеаи муосир буда, шумораи аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъоли мамлакатро пайваста пурра мекунанд. Ҷавонон субъекти муҳими дигаргунсозиҳои ҷамъиятӣ ва қувваи бузурги навоварона мебошанд. Бо назардошти муҳимияти нақши ҷавонон дар ҷомеа, қишри аз лиҳози зеҳниву ҷисмонӣ пуриқтидор будани онҳо ва аз ҳама муҳим ҳамчун неруи созанда, симои миллату ояндаи давлат ва муҳофизони арзишҳои истиқлоли давлатӣ эътироф ёфтанашон аз рӯзҳои аввали эълондошти истиқлоли давлатӣ ва устувор намудани  пояҳои ҳокимияти конститутсионӣ таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати кишвар ба масъалаи ҷавонон ва фароҳам овардани шароити худташаккулёбии онҳо равона гардид. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат марҳила ба марҳила тамоми тадбирҳо барои ташаккули шахсияти ҷавонони даврони соҳибистиқлол амалӣ карда шуданд.

Асоси ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон, пеш аз ҳама, аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда, барои иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.

Мутобиқи меъёрҳои конститутсионӣ ҳар шаҳрванд ҳуқуқ ба ҳаёт, таҳсил, меҳнат, интихоби касбу кор, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи корҳои давлатӣ, озодии пайравӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳо, ба озодии сухан, нашр, истифодаи воситаҳои ахбор, ҳуқуқ ба моликият, ташкили оила, манзил, истироҳат, ҳифзи саломатӣ ва иштирок дар ҳаёти фарҳангии ҷомеаро дорад. Ин меъёрҳо барои ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун кафолати ҳуқуқии рушди ҷавонон мусоидат менамоянд.

Дар баробари ин, Конститутсия сиёсати иҷтимоии давлатро муайян намуда, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои инсон ва шаҳрвандро мустаҳкам, таъмини шароити зиндагии арзандаро кафолат дода, дар заминаи ҳуқуқбунёдии кишвар давлатро уҳдадор намудааст, ки барои рушди ҷавонон, дастгирии иҷтимоӣ, таълим ва тарбияи онҳо шароити мусоидро барои худташаккулёбӣ муҳайё намояд.

Дар заминаи муайян намудани ин самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ новобаста аз марҳилаи ҳассос, сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, хавфи аз байн бурдани давлат ва нобудии миллат соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардид. Қонуни мазкур сиёсати давлатии ҷавононро ҳамчун бахши ҷудонопазири сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, онро ба системаи тадбирҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқӣ ҷудо карда, вазифаи мақомоти давлатиро дар фароҳам овардани шароиту кафолатҳо барои ташаккули иҷтимоию инкишофи ҷавонон ва ҳарчӣ бештар амалӣ гардидани неруи эҷодии онҳо барои манфиатҳои тамоми ҷамъият мустаҳкам намуд.

Қабули ин қонун дар вазъияти душвори давлатдорӣ заминаи устувори таҳкими меъёрии ҳуқуқии сиёсати ҷавононро гузошт.

Давоми 35 соли соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа ва таъмини иштироки онҳо дар тамоми самтҳои ҳаётан муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар тадбирҳои мушаххас андешид.

Аз соли 1992 то инҷониб якчанд қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки ба сиёсати давлатии ҷавонон асос гузоштанд. Ин санадҳо асосан ба рушди соҳа, комёб шудан ба натиҷаҳои назаррас ва ҳалли масъалаҳои соҳаи кор бо ҷавонон равона гардидаанд. Санадҳои қабулгардида, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ», Консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (то соли 2020 ва то соли 2030), «Барномаи миллии Ҷавонони Тоҷикистон дар панҷ марҳила» (байни солҳои 1999-2012), «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010», «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013», «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила барои солҳои 2018-2022 ва 2023-2027», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2006- 2013)», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чор марҳила» дар таҳкими соҳаи кор бо ҷавонон ҳамчун механизми асосии дастрасӣ пайдо намудан ба мушкилоту эҳтиёҷоти аввалини ҷавонон, пешгирии хатару таҳдидҳо ба ҳаёти ҷавонон ва дар маҷмуъ барои худташаккулёбии ҷавонон ва дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намудани насли ҷавон нақши калидӣ гузоштанд.

Дар зимн таъкиди он ҷоиз аст, ки суботи сиёсати давлатии ҷавонон бо роҳи татбиқи самарабахши тадбирҳои маҷмуӣ, ки вазифа, аҳамият, нақши сиёсати давлатиро нисбат ба насли наврас муайян менамояд, таъмин гардид.

Сиёсати ҷавонон дар давлати пешрафтаи демократӣ қисми таркибии сиёсати умумии давлат мебошад, ки ҳадафи асосии он нигоҳ доштани мақоми муносиби иҷтимоӣ ва сифати зиндагии ҷавонон аст.

Ин аст, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар давлати демократии мо низ рукни муҳим ва афзалиятнок маҳсуб шуда, барои татбиқи масъалаҳои меҳварии ин сиёсат аз ҷумла, риояи ҳуқуқи ҷавонон ва таъмини он, мусоидат ба фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкории ҷавонон, ташаккули фондҳои дастгирии иҷтимоӣ ва соҳибкории ҷавонон, дастгирии давлатии оилаҳои ҷавон, дастгирии давлатии ҷавонони соҳибистеъдод, кумаки моддию молиявӣ ба ҷавонон ва хизматрасонии иҷтимоии онҳо, мусоидат ба ҳалли масъалаи манзил ва беҳтар кардани шароити зиндагии ҷавонон, тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, таъмини иштироки онҳо дар рушди фарҳанги миллӣ ва забони давлатӣ, кафолати таҳсили ройгони ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва махсуси давлатӣ, кафолати таъминоти шахсони ятиму бепарастор ва бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо, дастгирии давлатии таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти касбӣ, мусоидат ба шуғли мутахассисони ҷавон, таъмини кафолати ҳуқуқии ҷавонон ба меҳнат, интихоби касбу кор ва ҳимояи иҷтимоӣ, мусоидат ба ҳамкории байналмилалии ҷавонон, дастгирии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон тамоми имконият дар заминаи қонунгузориҳои такмилёфта дар самти сиёсати давлатии ҷавонон давоми 35 соли даврони соҳибистиқлолӣ амалӣ карда мешаванд.

Тадбирҳои амалишуда собит менамоянд, ки масъалаи марбут ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат дар заминаи таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва иқдомҳои наҷибу саривақтии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини эълон доштани соҳибистиқлолӣ ҷой гирифта, чун сиёсати муҳим ва афзалиятноки давлатӣ муайян карда шудааст.

Дар шароити таҳаввулоти ҷаҳонӣ рушди маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва омодасозии насли ҷавон ба талаботи ҷомеаи муосир вазифаи муҳими давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад. Танҳо ҷавонони соҳибмаърифат, ватандӯст ва дорои ҷаҳонбинии муосир метавонанд ояндаи устувор ва пешрафтаи Тоҷикистонро таъмин намоянд.

Бо такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба сиёсати давлатии ҷавонон самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун дурнамои рушд муайян карда шудаанд, аз ҷумла тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии онҳо, ташаккули тафаккури миллӣ бо роҳи тарбия намудани ҷавонон дар самти ҳифзи бештари манфиатҳои миллӣ ва дар онҳо тарбия намудани ҳисси оштинопазир ба терроризму экстремизм, коррупсия, нашъаҷаллобӣ ва намуди дигари ҷинояткорӣ, ташаккули ахлоқи маънавии ҷавонон, фаъол намудани онҳо дар самти анҷом додани корҳои ихтиёрии ҷамъиятӣ (фаъолияти волонтёрӣ) ва баланд бардоштани ҳисси эҳтироми ҷавонон ба фарҳанги миллӣ, таъмини иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа ва идоракунии давлатӣ, аз ҷумла бо роҳи дастгирии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳо, таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ҷавонон барои пешбарӣ намудани онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда мебошад.

Ин самтҳои афзалиятнок барои бо набзи ҳаёт ва асри нав ҳамқадам будани ҷавонон, пайваста эҳсос намудани талаботи замони муосир, бархӯрдорӣ аз дастовардҳои илму техникаи муосир, воқифӣ аз таҷрибаи пешбурди иқтисоду идоракунӣ, ҳимоя кардани манфиати миллату амнияти давлати соҳибистиқлолӣ дар равандҳои пурталотуми бархӯрдҳои ҷаҳонӣ заминаи устувор мегузорад.

Давлат дар заминаи қабули якчанд санади меъёрии ҳуқуқӣ мавқеи муҳими ҷамъиятии ҷавонони лаёқатмандро ба инобат гирифта, барои рушди ҳамаҷониба, ташаккули истеъдод ва неруи эҷодии онҳо фароҳам овардани шароити мусоидро зарур мешуморад. Эҳтиёт кардан ва инкишоф додани неруи зеҳнӣ ва эҷодии ҷомеа, муҳайё сохтани шароит барои таҳкими заминаи маърифати ҷавонон масъалаи хеле муҳим аст. Муқаррар намудани мукофотҳо, стипендияҳо, кумакпулиҳо барои ҷавонони лаёқатманд, дастгирии давлатии фаъолияти ҷавонони эҷодкор ва созанда таҳияи тадбирҳои комплексиро тақозо менамояд. Сиёсати давлатии дастгирии ҷавонони лаёқатманд дар доираи сиёсати рушди умумии захираҳои инсонӣ татбиқ карда мешавад.

Дар доираи амали ин санадҳои меъёрии ҳуқуқии мукаммал дар самти ҷавонон бо ташаббус ва иқдомҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди имконоти зеҳниву ҷисмонии ҷавонон ҳанӯз аз соли 1998 ҳавасмандии арзишмандтарин бо таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки то имрӯз теъдоди он ба 3000 нафар расидааст, ба роҳ монда шуд.

Инчунин дар марҳилаҳои минбаъдаи рушди давлатдорӣ, афзал шуморидани масъалаи татбиқи босифат ва самараноки сиёсати давлатии ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои миллии кор бо ҷавонон бо мақсади дастрасӣ ба мушкилоти ҷавонон, амалигардонии ҳавасмандиҳо ва дастгирии пайваста ва муайян намудани стратегияи рушди ҷавонон дар даҳсолаҳои минбаъда таъсис дода шуд.

Дар робита ба чунин иқдоми бузург инчунин грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон барои ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон, бурсияҳо барои таҳсил дар дохил ва хориҷи кишвар барои ҷавонон аз оилаҳои ниёзманд ва ҷавондухтарон аз деҳаҳои дурдаст, сохтмони иншооти варзишӣ, ки шумораи онҳо имрӯз ба зиёда аз 10 ҳазор адад мерасад, зиёда аз 100  мактаби варзишӣ, марказҳои омодагии олимпӣ, маҳорати олии варзишӣ ва шумораи зиёди майдончаҳои варзишӣ аз таваҷҷуҳи беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дарак медиҳанд, ки имрӯз ҷавонон аз онҳо пурра баҳравар гардидаанд.

Хусусан бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил ва баргузор гардидани 5 озмуни ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Илм–фурӯғи маърифат», ««Тоҷикон» дар оинаи таърих» ва «Шоҳномахонӣ», ки ҳамасола дар сатҳи зарурӣ бо фарогирии зиёди насли наврасу ҷавон доир мегарданд, аз таваҷҷуҳ ба рушди зеҳнияти ин қишри тавонманди ҷомеа шаҳодат медиҳанд.

Дар ин раванд ҷавононро зарур аст, ки ба омӯзишу такмили донишу малакаи худ диққати ҳамаҷониба диҳанд, зеро дар шароити имрӯзаи рушди босуръат Тоҷикистон ба мутахассисони соҳибтаҳсилоту ташаббускоре ниёз дорад, ки мувофиқи талаботи иқтисоди бозорӣ вусъати рушди иқтисодию иҷтимоии давлатро таъмин менамоянд.

Маҳз донишу маърифат, қобилияту ташаббускории ҷавонон дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷаҳони муосир барои татбиқ ва ҳифзи андешаи миллӣ, ки таркиб, моҳият ва мазмуни онро муҳаббат ва садоқат ба Ватан, ифтихор аз гузаштаи пурифтихор, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият, бунёди ҷомеаи пешрафта ва мутамаддини шаҳрвандӣ ва дар маҷмуъ идеяи асосии давлати миллӣ ташкил медиҳад, заминаи устувор мегузорад.

Механизмҳои ташаккули андешаи миллӣ дар меъёрҳои ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон муайян, мустаҳкам ва мушаххас карда шудаанд. Ин нишонаи пойдории давлати демократию ҳуқуқбунёд ва заминаи асосию ҳуқуқии сиёсати калидии давлат мебошад.

Дилноза АҲМАДЗОДА,
муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба илм, маориф,
фарҳанг ва сиёсати ҷавонон

Май 22, 2026 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласаи пленарии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумиҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Сафари Пешвои миллат марҳалаи нави шарикии стратегии Тоҷикистону Чинро оғоз бахшид
Дар Рашт ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ ҳангоми оббозӣ бо хонандагон ва сокинон вохӯриҳо гузаронида шуд
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА АДОИ ЭҲТИРОМ БА ҚАҲРАМОНОН. Дар робита ба овардани хоки оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистон ба Ватан
Иқдоми навбатии Сарвари давлат гувоҳи арҷгузории Қаҳрамони Тоҷикистон ба қаҳрамонии қаҳрамонон аст
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЧОЙ. Чаро дар садсолаи охир талабот ба он боз ҳам зиёдтар гардид?
ОГОҲӢ! Аз 21 то 25 май дар Тоҷикистон хатари сар задани сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ карда мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистону Корея дар соҳаҳои гуногун баррасӣ гардид
«…МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ…». Ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ 85 сол пур шуд
МАВСИМИ ОББОЗӢ ФАРО МЕРАСАД. Қоидаҳои шиновариро риоя кунед!
Гиромидошти хотираи неки фарзандони фидокор ва сарсупурдаи миллат ҷузъи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон аст