25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад
ДУШАНБЕ, 25.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар асоси қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 7 майи соли 2024 ҳамасола 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил карда мешавад. Бо ин мақсад имрӯз дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали бошукуҳи футбол баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Рушди футбол дар Тоҷикистон
Футбол яке аз намудҳои рушдёфтаи соҳаи варзиш дар қаламрави Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар байни аҳолӣ нисбат ба дигар намудҳои варзиш маҳбубияти зиёд касб намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳо барои рушди ин намуди варзиш тамоми имкониятро фароҳам овардааст.
Таъмини рушди футбол дар Тоҷикистон ва дастгирии варзишгарон, хусусан футболбозон дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад.
3 ноябри соли 2023 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ бо масъулони соҳаи варзиш ва футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва роҳбарияти якчанд вазорату идораҳои мамлакат, инчунин аҳли ҷомеаи футболи ҷумҳурӣ мулоқот намуда, масъулинро ба бартараф намудани мушкилоти ин соҳа муваззаф намуда буданд.
Ҳукумати мамлакат, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳама намудҳои варзиш таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Натиҷаи чунин ғамхориҳо аст, ки солҳои охир варзишгарони мамлакат пайваста дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, бо сазовор гардидани ҷойҳои ифтихорӣ нуфузу эътибори сарзамини соҳибистиқлоламонро баланд бардошта, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.
Давоми солҳои истиқлоли давлатӣ дар мамлакат барои рушду равнақи соҳа дар мамлакат 11 ҳазор иншооти нави варзишӣ бунёд гардид. Иштироки фаъоли ҷавонони мо ва пирӯзии онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, бешубҳа, ба болоравии обрӯи мамлакат мусоидат менамояд. Аз ҷумла, иштироки фаъолонаи футболбозони мамлакат дар мусобиқаи Ҷоми Осиё собит сохт, ки имрӯз ҷавонони тоҷик бо дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат дар тамоми навъҳои варзиш сабқат намуда, Парчами Тоҷикистонро парафшон менамоянд.
Мулоқот бо ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол, ки 22 январи соли 2024 дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа доир шуд, футболбозони ҷавонро руҳбаланд намуда, ҳавасмандии онҳоро зиёд гардонид.
Зимни суҳбати самимӣ Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба ватандӯстию ватанпарварӣ ва ифтихори миллӣ ҳидоят намуда, ба онҳо барору комёбӣ орзу намуданд.
Рӯзи ҷаҳонии футбол — пешниҳоди Рустами Эмомалӣ
Футбол яке аз роҳҳои беҳтарини беҳдошти саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун мебошад. Дар робита ба ин Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 9 феврали соли 2024 бори нахуст ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки нақши муҳими футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ дарк ва пазируфта шуда, бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардад.
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро оид ба эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки ба ҷуз аз Тоҷикистон ду давлати дигар, аз ҷумла Баҳрайн ва Либия низ онро дастгирӣ кардаанд, қабул намуд.
Дар қатънома аҳамияти дар руҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе ҳеҷ гуна табъиз гузаронидани чорабиниҳои бузурги варзишӣ таъкид шудааст.
Қоидаҳои бозии футбол
Футбол яке аз бозиҳои варзишии қадимӣ мебошад, ки дар асрҳои миёна пайдо шудааст. Ватани футбол Англия ҳисоб шуда, солҳои охир ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ва чемпионатҳои ҷаҳон мусобиқа байни дастаҳои занонаи футбол низ дохил карда шудааст.
Қоидаҳои кунунии футбол аз 17 боб иборат буда, дар онҳо ҳама ҷабҳаҳои бозӣ- аз тарзи рангкунии майдони футбол то ҷазои бозингарон барои бозии номашруъ оварда шудаанд. Ба дурустии иҷрои қоидаҳои бозӣ дар майдон ҳайати доварон назорат мекунанд. Дарвозабон, бешубҳа, як бозингари беназир дар майдон аст. Вай дар тан либоси махсус дорад, посгоҳро посбонӣ мекунад ва тӯбро бо дастонаш дар дохили майдони ҷаримавӣ идора мекунад.
Як бозии футбол аз ду давр (тайм)-и 45-дақиқагӣ иборат аст. Дар танаффуси байни таймҳо дастаҳо дарвозаҳояшонро иваз мекунанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз









РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Пойтахти Тоҷикистон ба маркази байналмилалии муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил меёбад
Истеъмоли шафтолу барои бемориҳои тарбод, гурда, ҷигар ва талхадон муфид мебошад
Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил карда шуд
ДАВРАИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН. Андешаҳо оид ба сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
ИҚДОМИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Он насли наврасро водор месозад, ки аз қаҳрамонии гузаштагон сабақи зиндагӣ гиранд
Нақши Рустами Эмомалӣ дар таҷлили рӯзи ҷаҳонии футбол
24 МАЙ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОРХӮР. Дар Тоҷикистон саршумори ин ҳайвони нодири пармашох ба 7 000 сар расидааст
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ – 25 МАЙ: Дипломатияи варзишии Рустами Эмомалӣ дар сатҳи ҳуқуқи байналмилалӣ
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстонаи моҳи июн эълон гардид
РӮЗИ ҶАВОНОН. Дар Москва бо варзишгарони тоҷик, аз ҷумла варзишгарони параолимпӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Мадина Қурбонзода: «Бо роҳнамоиҳои Пешвои миллат тавонистам дар мусобиқоти сатҳи баланд Парчами давлатиро парафшон созам»






