Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 10-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи маориф ва илм иштирок намуд

Май 23, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 23.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 май дар шаҳри Бишкек ҷаласаи 10-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки соҳаи маориф ва илмро ҳамоҳанг месозанд, баргузор шуд. Дар ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Вазири маориф ва илм Бадриддин Музаффарзода иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон хабар доданд, дар ҷараёни ҷаласа иштирокчиён масъалаҳои рушди ҳамкории илмиву таълимӣ, тавсеаи мубодилаи академӣ, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, рақамикунонии фазои маориф, инчунин омода намудани мутахассисони баландихтисосро, ки ба талаботи муосири рушди инноватсионӣ ҷавобгӯ мебошанд, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба фаъолияти Донишгоҳи СҲШ ва таҳкими робитаҳои гуманитариву фарҳангӣ байни давлатҳои аъзои созмон зоҳир гардид.

Ҷониби Тоҷикистон нақши хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ташаккул ва рушди Созмони ҳамкории Шанхай таъкид намуд.

Изҳор гардид, ки Тоҷикистон ҳамкориро дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай дар соҳаҳои маориф ва илм пайваста таҳким бахшида, ба рушди мубодилаи академӣ, таҳқиқоти муштараки илмӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълимӣ мусоидат менамояд.

Роҳбари ҳайат таъкид намуд, ки Тоҷикистон соли 2018 ба лоиҳаи Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай ҳамроҳ гардида, имрӯз даҳ муассисаи олии пешбари мамлакат дар фаъолияти он иштироки фаъол доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар солҳои охир зиёда аз 1700 донишҷӯи тоҷик дар барномаҳои муштараки таълимӣ иштирок намуда, 236 донишҷӯ дар донишгоҳҳои давлатҳои аъзои СҲШ таҳсил кардаанд. Ҳамчунин густариши ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Чин, Русия, Беларус ва Узбекистон дар самти омода намудани мутахассисон, татбиқи барномаҳои дипломи дугона ва лоиҳаҳои муштараки илмӣ таъкид гардид.

Дар ҳошияи чорабинӣ, ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони вазорату идораҳо ва муассисаҳои таълимии давлатҳои аъзои СҲШ мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқотҳо дурнамои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ, татбиқи ташаббусҳои муштараки таълимӣ ва рушди лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм, тавсеаи мубодилаи академӣ ва такмили механизмҳои ҳамкорӣ дар доираи СҲШ тасдиқ намуданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи 10-ум Протоколи дахлдор ба имзо расонида шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон

 

Май 23, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд