Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстонаи моҳи июн эълон гардид
ДУШАНБЕ, 23.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Игор Ангеловский ҳайати васеи дастаро барои бозиҳои дӯстонаи моҳи июн эълон кард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
5 ва 9 июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар майдони худ ду бозии дӯстона муқобили тими миллии Ҳиндустон баргузор мекунад. Ба ҳайати васеи даста 31 бозигар – 4 дарвозабон, 11 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагар шомил шудаанд. Аз байни онҳо 26 бозигар ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ даъват мешаванд.
Дарвозабон Олег Баклов, ҳимоятгар Манучеҳр Сафаров ва нимҳимоятгар Амадонӣ Камолов бинобар ҷароҳат бардоштанашон дар рақобатҳои интизор иштирок намекунанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






