Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд

Май 6, 2026 18:30

ДУШАНБЕ, 06.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа (7 май) ва  Рӯзи байналмилалии футбол (25 май) аз 21 апрел то 5 май дар шаҳри Душанбе байни дастаҳои сохторҳои соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мусобиқаҳо 8 даста аз сохторҳои гуногуни соҳаи алоқа иштирок намуда, маҳорати варзишии худро дар фазои рақобати солим нишон доданд.

Марҳилаи ниҳоии рақобатҳо аз рӯйи футболи хурд дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ҷамъбаст шуд. Ғолибон бо Диплом ва медал сарфароз гардонида шуданд.

Иброз гардид, ки баргузории чунин мусобиқаҳо ба таҳкими руҳияи ҳамкорӣ, боло бурдани фаъолнокии ҷисмонӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим байни кормандони соҳа мусоидат мекунад.

 АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Май 6, 2026 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд