Посух ба муроҷиати шаҳрванди Афғонистон Муҳаммад Ҳаким Турсун
ДУШАНБЕ, 10.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар иртибот ба муроҷиати Шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз таърихи 09-уми майи соли 2026 иттилоъ медиҳем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори зиндагии осоишта ва орому пешрафти мардуми дӯсту ҳамҷавори афғон аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста аз минбарҳои баланди байналмилалӣ давлатҳои ҷаҳонро ба ҳалли буҳрони Афғонистон даъват намуда, барои барқарории сулҳи пойдор дар ин сарзамин саъю талоши воқеӣ мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 35 сол Ватани дуюми муҳоҷирати се насли шаҳрвандони Афғонистон гардида, ба ҳуқуқу озодиҳои онҳо арҷ гузоштааст.
Айни замон даҳҳо ҳазор шаҳрванди Афғонистон дар қаламрави Тоҷикистон кору зиндагӣ дошта, барояшон шароити арзандаи кору иқомат фароҳам оварда шудааст.
Мардуми тоҷик ва мақомоти давлатӣ бо онҳо муносибати холисона доранд.
Дар робита ба ихроҷ шудани иддае аз шаҳрвандони Афғонистон аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоем, ки онҳо новобаста аз шароити мавҷуда, аз ҷумла, макони созгори иқомат, ҷойи кор, таҳсил, амнияту осоиш талаботи қонунгузории кишварро дағалона вайрон намуданд.
Ҷиноятҳои сангине чун муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир — 670 ҳолат, пайравӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ — 32 ҳолат, ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба ноболиғон — 15 ҳолат, пешниҳоди ҳуҷҷатҳои қалбакӣ барои ба даст овардани мақоми паноҳандагӣ — 594 ҳолат, ташкили марказҳои дилхушӣ ва қиморбозӣ — 45 ҳолат, алоқамандӣ бо созмону ташкилотҳои тахрибӣ ва кӯшиши ноором сохтани вазъияти кишвари иқомат — 25 ҳолат сабаби ихроҷи бархе аз ашхоси мавриди назар гардид.
Ҷинояти охироне, ки аз ҷониби шаҳрванди Афғонистон Раҳмони Муҳаммадумар содир гардид, боиси ба вуҷуд омадани норозигиҳо дар байни сокинони кишвар шуд.
Шаҳрванди Афғонистон Раҳмони Муҳаммадумар шоми 30-юми апрели соли 2026, сокини маҳаллаи Чашмаи шаҳри Хуҷанд Воҳидова Азиза Донёрбековнаро бо бераҳмии махсус ба қатл расонд. Воҳидова Азиза Донёрбековна барои ҳимояи нангу номуси худ талош намуд, вале аз ҷониби шаҳрванди Афғонистон Раҳмони Муҳаммадумар бо ваҳшонияти хос ба ҳалокат расонида шуд.
Чунин кирдорҳои ҷинояткоронаи шаҳрвандони Афғонистон ва аъмоли даҳшатноки онҳо, ки бевосита ба амнияти кишвар таҳдид доранд, боис гардиданд, ки мақомоти марбута ҷиҳати таъмини волоияти қонун ва оромии сокинон тадбири мушаххас андешанд.
Бори дигар таъкид мегардад, ки ашхоси мазкур барои содир намудани кирдорҳои ҷиноятӣ, риоя накардани қонунгузории ҷумҳурӣ муттаҳам мебошанд ва барои пешгирӣ аз содиршавии ҷиноят дар оянда ин иқдомҳо гирифта шудааст.
Ин дар ҳолест, ки бештар аз 10 ҳазор хонаводаи афғон, ки талаботи қонунҳои ҷориро риоя мекунанд дар Тоҷикистон оромона зиндагӣ доранд ва аз ҳама имтиёзҳо бархӯрдор мебошанд.
Дар ҳар сурат, муроҷиати Шумо оид ба масъала ба пуррагӣ мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор дода мешавад.
Маркази робитаҳои ҷамъиятии
Кумитаи давлатии амнияти миллии
Ҷумҳурии Тоҷикистон








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






