Дар қароргоҳи СММ Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 20.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси намояндагиҳои доимии Тоҷикистон, Баҳрайн ва Либия ва дар ҳамкорӣ бо дигар ҳайатҳо Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар ифтитоҳи чорабинӣ доир ба қудрати муттаҳидкунандаи варзиш ва аҳамияти ҷаҳонии Қатъномаи 78/281, ки соли 2024 бо ибтикори Тоҷикистон, Баҳрайн ва Либия бо иттифоқи оро қабул шуда буд, сухан гуфт.
Ҷонибек Ҳикмат таъкид кард, ки ин қатънома «на танҳо ҷашни варзиш, балки забони муштаракест, ки ҳар миллат барои сулҳ, рушд ва тавонмандии занону духтарон истифода мебарад» ва футбол аз марзҳо, ҳувият ва тафриқаҳои сиёсӣ фаротар меравад.
Инчунин уҳдадории Тоҷикистон барои рушди футбол дар сатҳи миллӣ таъкид гардида, иброз шуд, ки дар кишвар, ки аҳолии асосан ҷавон дорад, ин навъи варзиш ба сармоягузории стратегӣ дар тақвияти ваҳдати иҷтимоӣ ва эҷоди имконияти нав табдил ёфтааст.
Таҳти роҳбарии Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ва Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мамлакат беш аз 500 майдони муосири футбол сохта шуда, дастаҳои занона ташкил гардидаанд, барномаи омӯзишии доварони ҷавон васеъ ва муассисаҳои футбол бозсозӣ шудаанд, то дастрасии баробар ба футбол барои ҳамаи кӯдакон таъмин гардад.
Тоҷикистон бори дигар уҳдадории худро барои таблиғи арзишҳое, ки дар Қатъномаи 78/281 муқаррар шудаанд ва таблиғи футбол ҳамчун неруи ваҳдат ва рушд дар саросари ҷаҳон тасдиқ намуд.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дар асоси қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 7 майи соли 2024 ҳамасола 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил карда мешавад.
АКС: Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид













Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






