Дар Душанбе Озмуни шаҳрии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид

Май 16, 2026 10:40

ДУШАНБЕ, 16.05.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила (15 май) маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни Озмуни шаҳрии «Оилаи беҳтарин» баргузор гардид. 

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, дар озмун 12 оила аз ноҳияҳои пойтахт иштирок намуданд. Ҳайати ҳакамон  ғолибонро аз рӯйи меъёрҳои низомномаи озмун, аз ҷумла тарбияи фарзандон, иштироки онҳо дар чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ, саҳм дар ободонии маҳал, эҳтироми ҳамдигар дар муносибатҳои оилавӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ муайян намуд.

Дар натиҷа оилаи Мирзо Ҳусейнов ва Истамой Мадалиева аз ноҳияи Сино сазовори ҷойи якум гардиданд. Ҳамчунин Бахтиёр Сафаров  ва Саодат Ғоибзода, сокинони ноҳияи Шоҳмансур, Давлатшоҳ Маҳмудов  ва Меҳрангез Зокирова, сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ сазовори ҷойи дуюм, Фаёзиддин Ахметов ва Саида Умарзода, сокинони ноҳияи Сино, Назрихуҷа Сайдалиев, Мулиён Хайриддинзода, сокинони ноҳияи Фирдавсӣ, Зафарҷон Шукуров ва Саидахон Раҳимова, сокинони ноҳияи Сино соҳиби ҷойи сеюм шуданд. Ғолибон бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Озмуни «Оилаи беҳтарин» дар шаҳри Душанбе бо мақсади тақвияти мақом ва нақши оила дар ҷомеа тавассути роҳҳои баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ ҳамчун арзиши муҳимми иҷтимоӣ, фарҳангӣ, нигоҳдорандаи анъанаҳои миллӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ дар муносибатҳои оилавӣ баргузор гардид.

Ҳадафи  асосии озмун аз баланд бардоштани рӯзгордории оилаҳо, солим, устувор ва пойдор нигоҳ доштани оилаҳо, коҳиш додани шумораи бекоршавии ақди никоҳ ва бесарпаноҳ мондани фарзандон, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва ҳидояти онҳо ба нигоҳубин ва парастории волидайн иборат мебошад.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Май 16, 2026 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид