Дар Душанбе Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург доир мегарданд

Май 19, 2026 13:40

ДУШАНБЕ, 19.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20–23 май дар пойтахти мамлакат Рӯзҳои Санкт–Петербург баргузор мегарданд, ки ба 35–солагии истиқрори робитаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Санкт–Петербург бахшида мешавад.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар доираи Рӯзҳои шаҳри Санкт–Петербург баргузории вохӯриҳо бо роҳбарияти шаҳри Душанбе ва дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, нишастҳои тиҷоратию корӣ, намоишгоҳи аксҳо, барномаи фарҳангӣ, доир намудани амалиёти муштараки тиббӣ, табодули таҷрибаи маорифчиён, ҷавонон, сохторҳои сайёҳӣ ва шиносоӣ аз маконҳои сайёҳию таърихии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

Бояд гуфт, ки Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург дар Душанбе дар таҳкиму густариши муносибатҳои бародаршаҳрӣ ва ҳамкории гуногунҷанба байни Душанбе ва Санкт- Петербург саҳифаҳои нав боз намуда,  барои   дарёфти  самту усулҳои тоза ва муайян кардани уфуқҳои нави ҳамкорӣ  заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Ёдовар мешавем, ки  байни  шаҳри Санкт-Петербург ва  шаҳри Душанбе соли 1991 паймони бародаршаҳрӣ  баста шудааст.

Шаҳри Санкт–Петербурги Федератсияи Русия яке аз бародаршаҳрҳои фаъол байни дигар бародаршаҳрҳои Душанбе мебошад, ки сол то сол ҳамкории мутақобили судманди онҳо густариш меёбад.

Дар ин давра байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳрдории Санкт-Петербург дар бораи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ созишномаҳо ба имзо расиданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 19, 2026 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад