Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 24.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 май дар Варзишгоҳи «Вахш»-и шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол чорабинии бошукӯҳи варзишӣ бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, варзишгарон, собиқадорони футбол, ҷавонон ва дӯстдорони ин намуди машҳури варзиш баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, пас аз қисмати расмии чорабинӣ фестивали бозиҳои варзишӣ баргузор гардид. Дар он футболбозони наврас, дастаҳои маҳаллӣ ва дӯстдорони футбол ҳунарнамоӣ намуда, бо намоиши маҳорати хуби варзишӣ диққати мухлисонро ҷалб карданд. Ҳамчунин, футболбозони касбии дастаи «Вахш»-и шаҳри Бохтар бо кӯдакон машғулятҳо доир намуданд, ки фазои идонаро боз ҳам шукуҳ бахшид.
Дар фестивал гуфта шуд, ки футбол на танҳо бозии варзишӣ, балки василаи тавоноест, ки миллатҳоро муттаҳид ва насли ҷавони моро дар руҳияи дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва тарзи ҳаёти солим тарбия мекунад. Дар анҷоми чорабинӣ акси хотиравӣ бо меҳмонон, варзишгарон ва иштирокдорон гирифта шуд.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дар асоси қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 7 майи соли 2024 ҳамасола 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил карда мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






