Дар шаҳри Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» оғоз гардид

Май 31, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 31.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 май дар шаҳри Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» («Саёҳат тавассути автобусҳои сурх») оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Лоиҳаи мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии «King Tour» ва «Somon Travel»  бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имконияту зарфияти сайёҳии пойтахт, ҷалби бештари сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоиди фароғатӣ барои сокинону меҳмонон амалӣ карда мешавад.

Ба ифтихори оғози мавсими нав, рӯзи нахустини фаъолияти хатсайрҳо сайру саёҳат тавассути автобусҳои дуқабата барои сокинон ва меҳмонони шаҳр ба таври ройгон ташкил карда шуд.

Даҳҳо нафар сокинон, меҳмонони дохиливу хориҷӣ ва дӯстдорони сайёҳӣ аз ин имконият истифода намуда, аз мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии шаҳри Душанбе боздид карданд.

Иштирокчиён зимни сафар бо имкониятҳои сайёҳии пойтахт, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва симои муосири шаҳр аз наздик шинос шуда, аз барномаи фарҳангиву фароғатии омодашуда баҳра бардоштанд.

Лозим ба таъкид аст, ки зимни саёҳат роҳбаладон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, ҳамзамон бо ҷалби ҳунармандон барои иштирокдорон фазои фарҳангиву фароғатӣ муҳайё карда мешавад.

Дар доираи хатсайрҳои дохилишаҳрӣ хатсайри Душанбе — Ҳисор низ фаъол шуда, ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе амалӣ мегардад.

Хатсайрҳо аз назди муҳимтарин иншооти фарҳангӣ, таърихӣ, маъмурӣ ва сайёҳии пойтахт гузашта, ба иштирокдорон имкон медиҳанд бо симои муосири Душанбе ва мероси ғании таърихию фарҳангии он аз наздик шинос шаванд.

Мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» то моҳи октябри соли 2026 идома меёбад. Сайру саёҳат дар аввал рӯзҳои истироҳатӣ ва минбаъд вобаста ба талаботи сайёҳон тавассути хариди чиптаҳои электронӣ ташкил карда мешавад.

Бояд гуфт, ки яке аз хатсайрҳо (рӯзҳои шанбе, соати 19:30) аз назди Муассисаи давлатии «Боғи Наврӯзгоҳ» оғоз гардида, ҳаракат дар самти хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, хиёбони Саъдии Шерозӣ, Меҳмонхонаи «Сафо», хиёбони Рӯдакӣ, «Майдони Истиқлол», «Кохи Ваҳдат», Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк», «Ориёнбонк», Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Маркази савдои Тоҷикистон, Боғи ба номи Устод Рӯдакӣ, Майдони Дӯстӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Кинотеатри «Ватан», Меҳмонхонаи «Душанбе», Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», Маркази савдои «Садбарг», Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Меҳмонхонаи «Серена», Майдони 800-солагии Москва, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази савдои «Пайкар», Иттифоқи нависандагон, Варзишгоҳи марказӣ, Маркази Исмоилия, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, «Кохи Борбад», Меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенсӣ», «Кохи Наврӯз», «Кӯли ҷавонон» ва «Боғи Наврӯзгоҳ»-ро дар бар мегирад.

Хатсайри дигар рӯзҳои якшанбе, соати 19:30 аз назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ (Майдони 800-солагии Москва) оғоз гардида, аз кӯчаву хиёбонҳои марказии пойтахт мегузарад. Дар ин масир автобус аз назди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, биноҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бӯстонсарои ҳукуматӣ, Чойхонаи «Саодат», Боғи «Ирам», Корхонаи истеҳсолии обҳои ташнашикани «Сиёма», Боғи Хайём, Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ, Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе, Беморхонаи «Шифобахш», «Кохи Борбад», меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенсӣ», «Кохи Наврӯз», Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Кӯли ҷавонон», Осорхонаи миллӣ, Боғи Парчами давлатӣ, Боғи ба номи Устод Рӯдакӣ, Қасри миллат, Китобхонаи миллӣ, Майдони Дӯстӣ, Бонки миллӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Туркия, Кинотеатри «Ватан», меҳмонхонаи «Душанбе», Истгоҳи роҳи оҳан, Маркази савдои «Садбарг», меҳмонхонаи «Серена» ва Боғи Куруши Кабир ҳаракат мекунад.

Хатсайри байнишаҳрӣ (рӯзҳои шанбе, соати 16:00) дар масири Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ (Майдони 800-солагии Москва), хиёбони Рӯдакӣ – Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Бинои Парлумони Тоҷикистон, бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоци нависандагон, Маркази Исмоилия, «Қалъаи Ҳисор»-и шаҳри Ҳисор ва бозпас ба шаҳри Душанбе (Бо-и Куруши Кабир) анҷом дода мешавад.

Фурӯши чиптаҳо ва бақайдгирии иштирокчиён барои хатсайрҳои сайёҳии «Red Bus Tours» тавассути ширкатҳои сайёҳии «King Tour» (+(992) 111 500 500) ва «Somon Travel» (+(992) 111-992-992) амалӣ карда мешавад.

Хоҳишмандон метавонанд барои дарёфти маълумоти иловагӣ ва харидории чиптаҳо ба намояндагони ин ширкатҳо муроҷиат намоянд.

Рафти татбиқи хатсайрҳоро метавон тавассути саҳифаҳои расмии шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкатҳои сайёҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки ташаббуси «Red Bus Tours» аз соли 2024 амалӣ гардида, дар ин муддат миёни сокинон, меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ маҳбубияти зиёд касб намудааст.

АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Май 31, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«RED BUS TOURS». Имрӯз дар Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Дар Душанбе Ниммарафони байналмилалии «One run» баргузор шуд
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо ҳайати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург доир мегарданд
Дар Душанбе Озмуни шаҳрии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Муовини Раиси шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ ва рушди бародаршаҳрҳои Чэнду-2026 иштирок намуд
Кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчии ҷанг аз Душанбе расонида шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нави ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар пойтахт Фестивали футбол доир мешавад
Дурнамои ҳамкории шаҳри Душанбе ва иёлоти Ютаи Амрико баррасӣ шуд