Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
ТУРСУНЗОДА, 22.05.2026 /АМИТ«Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) ва Рӯзи сарҳадчиёни Тоҷикистон (28 май) Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр бо шароити буду боши сарҳадбонон дар дидбонгоҳҳои сарҳадии қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода аз наздик шинос шуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Раиси шаҳри Турсунзода иброз дошт, ки сарҳадбонони тоҷик дар шароити ниҳоят мураккаби минтақавӣ вазифаи пуршарафро сарбаландона иҷро намуда, посбони боэътимоди сулҳу субот, истиқлолият ва тамомияти арзии Ватан мебошанд.
Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «қӯшунҳои сарҳадӣ сипари боэътимоди давлат ва кафили оромии ҳар хонадони тоҷикистонианд» ва «ҳифзи марзу буми Ватан қарзи муқаддаси ҳар фарзанди бонангу номуси миллат мебошад».
Гуфта шуд, ки ҷавонони далери Ватан боварии муҳтарам Пешвои миллатро сазовор гардида, аз уҳдаи иҷрои қарзи ватандӯстӣ ва фарзандии худ сарбаландона баромада, баъди ба эҳтиёт рухсат додан низ арзишҳои миллиро ҳамеша ҳифз мекунанд ва барои ҳимояи амнияту оромии Ватан шабу рӯз омода мегарданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






