Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамкориро бо JICA дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва инноватсия таҳким мебахшад

Май 24, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 24.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Густариши ҳамкории байналмилалӣ, бахусус бо Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) барои таҳкими иқтидори илмӣ, таълимӣ ва инноватсионии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аҳамияти  муҳим  дорад. Чунин иброз намуд Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода дар вохӯрӣ бо намояндагони  JICA.

Ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба рушди зеҳни сунъӣ, рақамикунонии равандҳои таълимӣ, татбиқи технологияҳои муосир дар иқтисодиёт ва омодасозии кадрҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд.

Намояндагони JICA пешниҳод намуданд, ки барои рушди самти мазкур лоиҳаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ, таъсиси озмоишгоҳи  муосири зеҳни сунъӣ ва робототехника, инчунин таҳкими инфрасохтори рақамӣ  татбиқ  карда шаванд. Ҳамчунин, зарурати истифодаи таҷрибаи пешрафтаи Ҷопон дар самти идоракунии додаҳои калон (Big Data) ва системаҳои интеллектуалӣ махсус таъкид гардид.

Гуфта шуд, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон омода аст дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо JICA ҳамкории фаъолро ба роҳ монад. Донишгоҳ аллакай дар самти омодасозии кадрҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ қадамҳои устувор гузошта, нахустин хатмкунандагони ин ихтисосро ба бозори меҳнат пешниҳод хоҳад намуд. Ташкили курсҳои муштараки омӯзишӣ бо ҷалби профессорони донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон, аз ҷумла донишгоҳи Токио, инчунин амалӣ намудани  барномаҳои табодули академӣ барои рушди минбаъдаи соҳа аҳамияти муҳим доранд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро дар самти рушди экосистемаи зеҳни сунъӣ, таҳкими таҳсилоти рақамӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ густариш дода, тавассути рушди ҳамкориҳои муштарак дар соҳаҳои илм, технология ва иқтисоди рақамии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати омодасозии мутахассисони рақобатпазир дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат намоянд.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

 

 

Май 24, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд