ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 11.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таҳти роҳбарии Далер Қаёсов дар Ҷоми Осиё-2026 дар Арабистони Саудӣ ғалабаи навбатиро ба даст овард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар даври дуюми мусобиқот наврасони мо мунтахаби Мянмаро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карданд.
Бо шарофати ин пирӯзӣ дастаи наврасони Тоҷикистон пеш аз муҳлат роҳхати даври баъдиро таъмин намуда, ҳамчунин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2026 байни наврасон шуд, ки моҳи ноябр дар Қатар баргузор мегардад.
Ҳамин тавр, дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) бори чаҳорум дар таърихи худ дар Ҷоми ҷаҳон байни наврасон иштирок хоҳад кард. Қаблан даста дар чемпионатҳои ҷаҳон солҳои 2007, 2019 ва 2025 иштирок карда буд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд






