Истеъмоли шафтолу барои бемориҳои тарбод, гурда, ҷигар ва талхадон муфид мебошад

Май 24, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 24.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо кишоварзони  вилояти Хатлон ба бозорҳои мамлакат  яке аз меваҳои лазиз-шафтолуи пешпазакро ворид   намуда истодаанд. Боиси хушҳолист, ки дар  ҷумҳурӣ сол то сол майдони боғот,  аз ҷумла шафтолузор васеъ мегардад. Навъҳои нав ва  ниҳолони  серҳосили  ин мева, ки  дар натиҷаи ҳамкории  олимони соҳа  ва  боғпарварони мамлакат  ба даст омадааст, пешниҳоди аҳолӣ мегардад.

Дар Тоҷикистон аслан анҷиршафтолу, шафтолуи сурх, лола, норанҷӣ, равғани гов, элберта, луччаки сурх, сафедшафтолу, чемпион ва старт парвариш меёбанд. Ин мева аслан аз 75 то 300 грамм вазн дорад. Аз ҳар як дарахт аз 20 то 40 кг мева ҷамъоварӣ карда мешавад.

Шафтолу дар баробари афлесун ва манго яке аз меваҳои лазиз аст, ки маззаи тароватбахш ва бӯйи хеле нозук дошта, асосан дар намуди тару тоза истеъмол мешавад. Ғайр аз ин, аз он шарбат, афшура, мураббо ва шафтолуқоқ тайёр менамоянд. Истеъмоли шафтолу кори майнаро беҳтар намуда, деворҳои рагҳои хунро мустаҳкам менамояд.

Агар шумо бемории мубодилаи моддаҳо ё камхунӣ дошта бошед, аз шафтолу парҳез намоед. Меваи шафтолу ба одамони тармиҷоз ва ба асабҳо зарар дорад, дар меъда зуд бадбӯ мегардад, таби дуру дароз пайдо мекунад. Дар ин маврид хӯрдани асал ё мураббои занҷабил тавсия дода мешавад.

Шафтолу меваи сероб буда, таъми хуб дорад ва дар организм зуд ҳал мешавад. Он ба меъда барои ҳазм намудани хӯроки серравған кумак мерасонад. Барои бемориҳои тарбод (ревматизм) ва касалиҳои гурда, рагу дил, ҷигар ва талхадон муфид мебошад.

Мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки шафтолуи тару тоза ва консерванамударо ҳамчун хӯроки парҳезӣ ва барои табобати роҳи ҳозима бояд истеъмол намуд, чунки он ба ҳазм намудани хӯрок таъсири хуб дорад. Барои нафароне, ки пас аз беморӣ беҳоланду иштиҳо надоранд, хӯрдани шафтолу  тавсия дода мешавад. Шафтолу барои бартараф намудани қабзият ва сӯзиши меъда низ муфид аст.

Бештари донаи шафтолуҳо талх буда, баъзан шафтолуҳои донакашон ширин низ вохӯрдан мумкин аст. Донаки он хеле муфид мебошад, зеро дар таркиби он рағани бодом ва витамини машҳури В17 мавҷуд аст. Равғани донаки шафтолуро дар истеҳсолот ва тиб васеъ истифода менамоянд.Меваи шафтолу аз ҷиҳати калориянокӣ чандон бой нест. Дар 100 грамм мева ҳамагӣ 45 кКал, аз ҷумла 0,9 г сафеда, 0,1 г равған, 9,5 г карбогидратҳо, 0,7 кислотаҳои орагникӣ, 2,1 г нахи ғизоӣ, 86,1 г об, 0,6 г хокистар мавҷуд аст. Аз ҷиҳати витаминнокӣ он хеле ҳам бой буда, дорои витаминҳои А, В1, В2, В5, В6, В9, С, Е, Н, РР мебошад. Дар таркиби мева бештар калий (363 мг) мавҷуд буда, миқдори натрий хеле кам (30 мг) аст.

Олимони тиб муайян намудаанд, ки агар инсон ҳар рӯз шафтолу истеъмол намояд, он бисёр бемориҳоро дар организм пешгирӣ менамояд.Истеъмоли шафтолу дарунро мулоим намуда, ташнагиро таскин медиҳад. Фишори баланди хунро паст карда, бӯйи даҳонро рафъ ва иштиҳоро мекушояд.

Агар 50 грамм оби барги шафтолуро бинӯшед ва гулашро бо шакар бардавом бихӯред, ҳамаи кирмҳои меъдаро мекушад. Гули шафтолуро кӯфта, бо оби карами тоҷикӣ хамир карда, ба болои озах бандед, озахҳоро хушк мекунад. Агар шумо гӯшдард бошед, ним грамм равғани мағзи шафтолуро ба гӯшатон бичаконед, дарди гӯшро рафъ менамояд. Донаки онро дар оташ сӯзонда, мағзи онро ҷудо карда, кӯфта, ба доначае, ки дар бадани кӯдакон пайдо мешаванд, бимолед, зуд шифо мебахшад.

Ёдовар мешавем, ки дарахти шафтолу 3-5 метр қад мекашад. Баргаш нештаршакли дарозрӯя (дарозиаш 10-18 см, бараш 2-5 см), дандонадор, гулаш сурх ё гулобӣ, мевааш кулула, тухмшакл, гирда ё дарозрӯя, пашмакдор ё лучак, рангаш гуногун (аз сабзи сафедтоб то норинҷӣ), пӯсташ тунук, мағзаш сафед, зард, гулобӣ, сершира ва ширин  мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 24, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

АСОСНОККУНИИ ИЛМИИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Беморони гирифтори диабети қанд дар як шабонарӯз бояд 5-6 маротиба хӯрок истеъмол намоянд