ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли сабзавот дар фасли баҳор ва тобистон аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад
ДУШАНБЕ, 10.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ба тавсияи мутахассисон, дар фасли баҳор ва тобистон истеъмоли сабзавот аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад. Дар ин фаслҳо навъҳои гуногуни сабзавоти тару тоза, аз қабили бодиринг, помидор, сабзӣ, карам, пиёз, шалғам ва кабудиҳо фаровон мебошанд. Ин сабзавот аз витаминҳои С, А, К ва гурӯҳи В бой буда, ба мустаҳкам шудани системаи масуният, беҳтар шудани кори дилу рагҳо ва тозагии организм мусоидат мекунанд.
Сабзавот барои ғизои инсон аҳамияти ниҳоят калон дорад. Он яке аз манбаъҳои асосии витаминҳо, минералҳо ва моддаҳои зарурӣ барои фаъолияти солими организм мебошад. Норасоии сабзавот дар ғизо метавонад сабаби суст шудани масуният гардад, ки дар натиҷа инсон ба бемориҳои шамолхӯрӣ, сирояткунанда ва дигар маризиҳо бештар гирифтор мешавад. Аз ин рӯ, мутахассисони соҳаи тиб ҳамеша тавсия медиҳанд, ки дар ғизои ҳаррӯза сабзавот ҳатман мавҷуд бошад.
Сабзавоти тару тоза дар фасли тобистон ба организм кумак мерасонад, то об ва намакҳои минералиро дар мувозинат нигоҳ дорад, хастагиро кам кунад ва неруи инсонро зиёд намояд. Аз ин рӯ, истеъмоли мунтазами сабзавот дар баҳор ва тобистон на танҳо барои саломатӣ, балки барои пешгирии бисёр бемориҳо низ хеле муҳим аст.
Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки сабзавоти тару тоза ба тозакунии организм аз заҳрҳо кумак мерасонад, раванди ҳозимаро беҳтар мекунад ва пӯсти инсонро солим нигоҳ медорад. Истеъмоли мунтазами онҳо хусусан барои кӯдакон, ҷавонон ва шахсони калонсол хеле муҳим аст.
Тавсия дода мешавад, ки сабзавот то ҳадди имкон тару тоза истеъмол карда шавад, зеро дар вақти пухтани зиёд як қисми витаминҳо нобуд мешаванд. Беҳтар аст сабзавот дар шакли хӯриш, хӯрокҳои сабук ё дар ҳолати кам пухташуда истифода бурда шаванд.
Истеъмоли мунтазами сабзавот метавонад саломатиро мустаҳкам намуда, умри инсонро дароз созад.
Тибқи тавсияи мутахассисони соҳаи тиб, ҳангоми дуруст истеъмол кардани қаланфури булғорӣ иммунитет мустаҳкам гардида, он ба системаи асаб ва узвҳои ҳозима таъсири мусбат мерасонад. Истеъмоли шалғам ҳамчун ғизои пурқувват сулфаро рафъ намуда, узвҳои даруни сина ва шикамро мулоим ва рехтани мӯйи сар ва гирифтани вазни зиёдро пешгирӣ менамояд. Истеъмоли карам низ фаъолияти рӯдаҳоро беҳтар ва организмро аз токсинҳо ва холестеринҳои гуногун тоза мекунад. Карам сабзавотест, ки истеъмоли он барои системаи масуният муҳим мебошад. Помидор яке аз сабзавоти серғизо буда, истеъмоли он на танҳо ба ҷисму тан муфиду судманд аст, балки ба руҳия низ таъсири нек дорад. Дар таркиби он витаминҳо, минералҳо ва моддаҳои антиоксидант мавҷуданд, ки ба саломатии инсон таъсири мусбат мерасонанд. Истеъмоли доимии помидор метавонад фишори хунро муътадил кунад
АКС аз манбаъҳои боз








16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА НАСЛИ МАН. Ватандӯстӣ аз муносибати инсон ба вазифаи хурди ҳаррӯза сарчашма мегирад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА УФУҚҲОИ НАВИ РУШДИ ИЛМ. Андешаҳо оид ба ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон ва астрономияи муосир
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
ПИРЯХШИНОСӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Оид ба марҳилаҳои эҳё, рушд ва пешсафии ин соҳа дар арсаи ҷаҳон
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд






