Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд

Май 23, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 23.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон, ки барои иштирок дар ҳамоиши минтақавӣ барои парлумонҳои кишварҳои Авруосиё таҳти унвони «Баррасии масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва рушди устувор тавассути амали парлумонӣ» дар доираи Конфронси оби Душанбе ба Тоҷикистон омадаанд, Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд.

Аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳайати парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо таърихи пурғановати миллати тоҷик, фарҳанги бою рангин ва шоҳкориҳои нодир, ки аз ҷониби ниёгони тоҷикон офарида шуда, инъикосгари фарҳанги миллати тоҷик давоми таърих мебошанд, аз наздик шинос шуданд.

Ҳамзамон меҳмонон баъди тамошои толорҳои намоишии Осорхона таассуроти худро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон навиштанд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Май 23, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид