Олимпиада барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» оғоз гардид

Май 23, 2026 12:24

ДУШАНБЕ, 23.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  Олимпиадаи VI ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи фанҳои математика, химия, биология, физика, технологияҳои иттилоотӣ ва география барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» оғоз гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар доданд, дар ифтитоҳи  чорабинӣ мудири бахши маориф ва илми Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти донишгоҳ, муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ҳайати омӯзгорону коршиносон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат иштирок намуданд.

Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода иброз дошт, ки бо дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз соҳаи илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ рушд намуда, барои ҷавонон ҷиҳати омӯзиши илмҳои дақиқ ва технологияҳои муосир тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки олимпиада дар фазои рақобати солим баргузор гардида, иштирокчиён аз рӯи фанҳои математика, химия, биология, физика, технологияҳои иттилоотӣ ва география байни ҳам сабқат менамоянд.

Ғолибон бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуда, соҳиби «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» мегарданд.

Ҳадафи асосии олимпиада таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ, рушди қобилияти эҷодиву таҳлилӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ, инчунин саҳмгузорӣ дар амалисозии Барномаи рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии саййёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Май 23, 2026 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд