ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур бозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 11.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз натиҷаи қуръакашии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол, дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба гурӯҳи «D» дохил шуд. Ҳарифони дастаи мунтахаби мо тимҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур хоҳанд буд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Игор Ангеловский дар бораи натиҷаи қуръакашии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027, ки дар он дастаи мо якҷо бо дастаҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур шомили гурӯҳи «D» гардид, изҳори назар кард.
«Ҳамеша метавонад беҳтар ё бадтар бошад. Қуръакашӣ баргузор шуд. Мо бояд бартарии рақибони худро дар бозӣ бодиққат таҳлил карда, ба бозӣ бо онҳо омодагии чиддӣ гирем», -гуфт Игор Ангеловский.
Ба гуфтаи ӯ, «Австралия ва Ироқ дар Ҷоми ҷаҳон-2026 бозӣ хоҳанд кард. Ин аз сатҳи баланди касбияти ин бозингарон шаҳодат медиҳад. Сингапур низ аз ҷониби худ бо рӯҳияи баланд вориди рақобат хоҳад шуд. Мо ба ҳамаи рақибонамон эҳтиром мегузорем, аммо бояд, пеш аз ҳама ба қувваи худ бовар дошта бошем. Дар ҳар бозӣ тамоми имкониятамонро истифода барем. Қадам ба қадам барои расидан ба ҳадаф омодагӣ мебинем».
«Ман ба сифати бозигарони худ комилан боварӣ дорам. Мо таҷриба ва сатҳе дорем, ки аз гурӯҳ бароем. Қувваи асосии мо дар ягонагист. Вақте дар бораи даста ҳарф мезанам, на танҳо 11 бозигари майдон, балки тамоми ҳайати тими миллӣ, ситоди мураббиён, кормандони тиббӣ ва маъмурӣ, федератсия, рӯзноманигорон ва ҳамаи мардуми Тоҷикистонро дар назар дорам. Мо бояд ҳама як даста бошем. Тоҷикистон, ба пеш!» — гуфт Игор Ангеловский пас аз қуръакашӣ.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






