Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол

Май 25, 2026 07:50
25.05.2026, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони гиромӣ!

Дӯстдорони варзиш ва ҳаводорони футбол!

Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо ибтикори роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид эълон шуда, ҳамасола 25-уми май дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, табрик мегӯям.

Бо дарназардошти маҳбубият ва оммавияти худ, футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳимми таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст.

Боиси ифтихори мост, ки Рӯзи футбол маҳз бо ташаббуси Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд.

Ин иқдоми муҳим на танҳо нуфузи кишвари моро дар арсаи варзиши байналмилалӣ тақвияти бештар бахшид, балки саҳми Тоҷикистонро дар рушди арзишҳои умумибашарӣ, аз қабили сулҳ, ҳамбастагӣ ва ҳамкории созанда боз ҳам намоён сохт.

Зеро моҳияти бозии футбол низ дар он зоҳир мегардад, ки инсонҳоро, сарфи назар аз миллат, нажод ва синну сол муттаҳид мекунад ва иродаи пирӯзиро афзун мегардонад.

Яъне футбол ҳоло ба як неруи муттаҳидкунандае табдил ёфтааст, ки наслҳо, фарҳангҳо ва миллатҳоро ба ҳам мепайвандад.

Ҳамзамон бо ин, футбол воситаи муассири тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди неруи ҷисмонию маънавии ҷомеа мебошад.

Бесабаб нест, ки футболро ба сифати варзиши рақами як дар ҷаҳон эътироф мекунанд.

Баъди ба даст овардани истиқлол давраи нави рушди футбол дар Тоҷикистон оғоз гардид.

Ҳанӯз соли 1992 Федератсияи футболи Тоҷикистон таъсис ёфта, кишвари мо ба узвияти Федератсияи байналмилалии футбол ва Конфедератсияи футболи Осиё қабул карда шуд.

Аз он вақт инҷониб дастаи мунтахаби миллӣ ва дастаҳои синну соли гуногун дар мусобиқаҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок карда, борҳо парчами кишварро баланд бардоштанд.

Бояд гуфт, ки рушди инфрасохтори варзиш, бунёди варзишгоҳҳои муосир, таъсиси мактабҳои махсуси футбол ва ҷалби насли наврас ба ин намуди варзиш гувоҳи сиёсати пайгиронаи давлат дар самти тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш мебошад.

Дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе Варзишгоҳи миллӣ барои 30 ҳазор нафар тамошобин ҳамчун туҳфаи ҷашнии Ҳукумат ба варзишгарон ва дӯстдорони футбол ба истифода дода мешавад.

Имрӯз футбол дар Тоҷикистон на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳимми тарбияи ҷисмонӣ ва маънавии ҷомеа, махсусан, наврасону ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Таъсиси мактабҳо ва академияҳои футбол, ҷорӣ намудани барномаҳои омӯзишӣ ва татбиқи низоми литсензиякунонии клубҳо дар доираи талаботи Конфедератсияи футболи Осиё ба баланд гардидани сифати омодагии варзишгарон мусоидат мекунад.

Имрӯз футболи тоҷик дар марҳалаи рушди устувор қарор дорад.

Бовар дорам, ки мураббиён, мутахассисон ва футболбозони кишвар бо ҳисси баланди масъулият, иродаи қавӣ ва маҳорати касбӣ минбаъд низ бо пирӯзиву дастовардҳои худ парчами давлатамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта, барои тарғиби варзиш ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим саҳми босазо мегузоранд.

Бигзор, футбол дар Тоҷикистон ҳамеша ҳамчун рамзи ваҳдат, саломатӣ ва ифтихори миллӣ рушд ёбад ва наслҳои ояндаро ба сӯйи муваффақиятҳои нав ба нав раҳнамоӣ намояд.

Рӯзи ҷаҳонии футбол муборак, дӯстдорони варзиш ва ҳаводорони футбол!

Май 25, 2026 07:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагӣ ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ машварати корӣ доир намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр Константинос Комбосро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Супоришҳои қатъии Пешвои миллат доир ба афзун намудани истеҳсоли семент
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири неруи барқ ва оби Шоҳигарии Баҳрайн Ясир Иброҳим ибни Ҳумайдонро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободиро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иштирок намуданд