РӮЗИ ҶАВОНОН. Дар Москва бо варзишгарони тоҷик, аз ҷумла варзишгарони параолимпӣ вохӯрӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар толори маҷлисгоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон Маҳмуд Амонзода бо варзишгарон ва варзишгарони параолимпии тоҷик, ки дар шаҳри Москва ва вилояти он иқомат доранд, баргузор гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Русия хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ ҷавонони фаъоли касбу кори гуногун, табибони тоҷик, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Москва, соҳибкорон, варзишгарон ва ҷавонони имконияташон маҳдуд иштирок намуданд.
Котиби Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Саид Боев иброз дошт, ки бо дастгирӣ ва роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавонон, рушди соҳаи варзиш ва дастгирии варзишгарон, аз ҷумла варзишгарони имконияташон маҳдуд, ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон барои ҷавонон ва варзишгарон шароити мусоид фароҳам оварда шуда, имконияти тамрин, аз худ намудани донишҳои муосир ва рушди қобилияти касбӣ муҳайё мебошад.
Ҳамчунин иштирокчиёни чорабинӣ барои дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон ва варзишгарон изҳори сипос намуда, омодагии худро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушду ободии Ватан баён карданд.













Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд






