Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
ДУШАНБЕ, 23.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пешрафти ҳар давлат, ки асоси онро рушди илму техника, фарҳанг ва иқтисод ташкил медиҳад, аз дониш, забондонӣ, ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти ҷавонон вобастагии калон дорад. Аз ҳамин сабаб дар бисёр кишварҳо барои қадршиносӣ ва дастгирии ҷавонон рӯзҳои махсус ҷашн гирифта мешаванд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Ин сана аз соли 1997 инҷониб ба ҳукми анъана даромада, дар ин замина ибтикороти зарурӣ рӯйи даст гирифта мешаванд.
— Таҷлили рӯзи ҷавонон дар Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба хотири таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирии ин қишри ояндадори мамлакат гузаронида мешавад. Рӯзи ҷавонон рамзи эҳтиром ва эътирофи нақши онҳо дар ҷомеа буда, онҳоро ба дӯст доштани Ватан, омӯзиши илм, аз худ намудани касбу ҳунар ва саҳм гузоштан дар рушди Тоҷикистон ҳидоят мекунад. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки онҳо соҳибони фардои миллатанд ва масъулияти бузург бар дӯш доранд.
Тибқи омор, беш аз 70 дарсади аҳолии мамлакатро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амалӣ гардидани ташаббусҳои созандаи ҷавонон таваҷҷуҳи беандоза зоҳир менамоянд. Имрӯзҳо дар ҷумҳурии мо барои соҳибмаълумот шудани ҷавонон, ба кору шуғли доимӣ таъмин кардани онҳо ва аз ин тариқ ба вуҷуд овардани шароити мусоиди таҳсилу фаъолият корҳои мушаххас барномарезӣ мегарданд.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ҷавонон ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷи давлат маълумоти олӣ гирифта, дар соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон муваффақона меҳнат мекунанд. Маҳз бо шарофати ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон квотаҳои президентӣ ташкил карда шуданд, ки барои таҳсили ҷавонони лаёқатманд аз минтақаҳои дурдаст имкон фароҳам оварданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳиши ҷавонон ба азхудкунии илму маорифро ба назар гирифта, Китобхонаи миллии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд, ки бузургтарин китобхона дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.
Имрӯз ҷавонони мо бо риояи дастурҳои стратегии Пешвои миллат дар тарғиби тарзи ҳаёти солим саҳми арзанда мегузоранд. Варзишгарони тоҷик дар Тоҷикистон ва берун аз он ном бароварда, шарафи давлати моро ҳимоят мекунанд. Насли ҷавони мо дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла нигаҳдории тандурустӣ, маориф, фарҳанг, иқтисодиёт, саноат ва ҳаёти сиёсию ҷамъиятии мамлакат фаъолона иштирок мекунад.
Ҳамасола Сарвари давлат бо намояндагони ҷавони мамлакат вохӯрӣ намуда, онҳоро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва азхудкунии илм, касбу ҳунар ҳидоят менамоянд. Ҳамчунин Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.
Тавре Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо изҳор доштаанд, “Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд”.
Ба таъкиди Роҳбари давлат, ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббус нишон диҳанд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона иштирок кунанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватанро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.
Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавононро неруи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеаи навини мо мешуморанд ва ба сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзи аввали истиқлолият диққати ҷиддӣ медиҳанд. Ҳар суханронии Пешвои миллат барои ҷавонон ба хотири дастёбӣ ба роҳу усулҳои муосир дар самти беҳдошти иҷтимоию иқтисодӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳи маънавиёти онҳо ҳамчун роҳнамо дониста мешавад.
Роҳбари давлат махсусан таъкид намудаанд, ки ҳамасола барои ҷавонони мамлакат 100 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода шавад.
Дастоварди дигари нодире, ки дар ҳаёти сиёсию фарҳангӣ ва иқтисодию маънавии ҷавонони Тоҷикистон такони ҷиддӣ бахшид, таъсиси Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2015 тасдиқ гардидааст. Масъалаҳои муҳиме, ки дар дастурҳои Сарвари давлат муайян карда шудаанд, моро барои ташвиқи ҳамаҷонибаи онҳо уҳдадор ва масъул мекунанд. Вобаста ба ин дар самти кор бо ҷавонон анҷом додани тадбирҳои зерин ба манфиати кор хоҳад буд:
— устодону омӯзгорон ва падару модаронро зарур аст, ки диққати наврасон ва хонандагону донишҷӯёнро ба аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монанд. Инчунин ба касбомӯзии шогирдону фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дар руҳияи донишомӯзиву меҳнатдӯстӣ тарбия намоянд;
— масъулони соҳа бояд барои ташкил намудани марказу маҳфилҳои техникии ҷавонон дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаю олии касбӣ ва инкишоф додани марказҳои дастгирии хонандагони болаёқат тадбирҳо андешанд;
— вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, Академияи миллии илмҳо, академияҳои соҳавӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои дар самти тарбияи ҷавонон ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ андешида, бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва боло бурдани тафаккури техникии наврасон озмунҳо ва мусобиқаҳои илмиву эҷодӣ ташкил намоянд.
Бисёре аз ҷавонон бо идеяҳои нав ва технологияҳои муосир барои пешрафти ҷомеа хизмат мекунанд. Ин ҳама нишон медиҳад, ки ҷавонони имрӯза дорои неруи созанда ва тафаккури нав мебошанд. Имрӯз бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони тоҷик метавонанд дар мактабҳо ва донишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳон таҳсил кунанд, забонҳои хориҷиро омӯзанд ва аз технологияҳои муосир истифода баранд. Ҷавонони фаъол дар озмунҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ иштирок намуда, обрӯи давлати худро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд.
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ҷавон аст. Ҷавонон бо амалҳои созанда ҷашни 35- солагии соҳибистиқлолиро пешвоз мегиранд. Ояндаи давлат дар дасти ҷавонони босавод, ватандӯст ва фаъол қарор дорад. Аз ин рӯ, ҳар ҷавон бояд дар пешрафти худ ва ҷомеа саҳм гузорад, то Тоҷикистон боз ҳам ободу пешрафта гардад.
Ҳикматулло ХОҶАЕВ,
сардори шуъбаи меъёрбандӣ, музди меҳнат ва сатҳи зиндагии аҳолии
Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ»,
номзади илмҳои сиёсӣ








Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид






