«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад

Май 28, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 28.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 30 май дар шаҳри Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» («Саёҳат тавассути автобусҳои сурх») оғоз мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Хатсайрҳои дохилишаҳрии «Red Bus Tours» бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имконияту зарфияти сайёҳии пойтахт ва истифодаи самараноки онҳо, ҷалби бештари сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин дар ин замина ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами барномаҳои сайёҳӣ барои пешкаш намудани маҷмуи хизматрасониҳои сайёҳӣ бо ҷалби ширкатҳои сайёҳӣ таҳия карда шудааст.

Дар доираи хатсайрҳо сокинону меҳмонон имкон пайдо менамоянд, ки бо мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии пойтахт шинос шаванд.

Зимни саёҳат роҳбаладон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар бораи таъриху фарҳанг ва гузаштаи пурғановати халқи тоҷик, инчунин имконияти сайёҳии пойтахт маълумоти муфассал пешниҳод намуда, барои болидахотирии меҳмонон бо ҷалби ҳунармандон фазои фарҳангиву фароғатӣ таъмин карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти мунтазами хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» аз 30 май то моҳи октябри соли 2026 идома меёбад. Сайри пойтахт нахуст рӯзҳои истироҳатӣ ва минбаъд дар доираи талаботи меҳмонону сайёҳон ҳамарӯза аз тариқи хариди чиптаи электронӣ бо ҷалби ширкатҳои сайёҳӣ ташкил карда мешавад.

Дар доираи хатсайрҳои дохилишаҳрӣ хатсайри Душанбе — Ҳисор низ фаъол шуда, ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе амал менамояд.

Барои татбиқи ин хатсайрҳо субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла ширкатҳои сайёҳӣ ва хизматрасони соҳа — «King Tour» ва «Somon Travel» ҷалб гардидаанд.

Яке аз хатсайрҳо (рӯзҳои шанбе, соати 19:30) аз назди Муассисаи давлатии «Боғи Наврӯзгоҳ» оғоз гардида, ҳаракат дар самти хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, хиёбони Саъдии Шерозӣ, Меҳмонхонаи «Сафо», хиёбони Рӯдакӣ, «Майдони Истиқлол», «Кохи Ваҳдат», Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк», «Ориёнбонк», Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Маркази савдои Тоҷикистон, Боғи ба номи Устод Рӯдакӣ, Майдони Дӯстӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Кинотеатри «Ватан», Меҳмонхонаи «Душанбе», Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», Маркази савдои «Садбарг», Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Меҳмонхонаи «Серена», Майдони 800-солагии Москва, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази савдои «Пайкар», Иттифоқи нависандагон, Варзишгоҳи марказӣ, Маркази Исмоилия, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, «Кохи Борбад», Меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенсӣ», «Кохи Наврӯз», «Кӯли ҷавонон» ва «Боғи Наврӯзгоҳ»-ро дар бар мегирад.

Хатсайри дигар рӯзҳои якшанбе, соати 19:30 аз назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ (Майдони 800-солагии Москва) оғоз гардида, аз кӯчаву хиёбонҳои марказии пойтахт мегузарад. Дар ин масир автобус аз назди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, биноҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бӯстонсарои ҳукуматӣ, Чойхонаи «Саодат», Боғи «Ирам», Корхонаи истеҳсолии обҳои ташнагишикани «Сиёма», Боғи Хайём, Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ, Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе, Беморхонаи «Шифобахш», «Кохи Борбад», меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенсӣ», «Кохи Наврӯз», Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Кӯли ҷавонон», Осорхонаи миллӣ, Боғи Парчами давлатӣ, Боғи ба номи Устод Рӯдакӣ, Қасри миллат, Китобхонаи миллӣ, Майдони Дӯстӣ, Бонки миллӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Туркия, Кинотеатри «Ватан», меҳмонхонаи «Душанбе», Истгоҳи роҳи оҳан, Маркази савдои «Садбарг», меҳмонхонаи «Серена» ва Боғи Куруши Кабир ҳаракат мекунад.

Хатсайри ниҳоӣ (рӯзҳои шанбе, соати 16:00) дар масири Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ (Майдони 800-солагии Москва), хиёбони Рӯдакӣ – Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Бинои Парлумони Тоҷикистон, бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон, Маркази Исмоилия, «Қалъаи Ҳисор»-и шаҳри Ҳисор ва бозпас ба шаҳри Душанбе (Боғи Куруши Кабир) анҷом дода мешавад.

Ҷараёни татбиқи хатсайрҳоро метавон тавассути саҳифаҳои расмии шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар сомонаҳои иҷтимоии Фейсбук (Dushanbe-travel), Инстаграм (dushanbe.travel), ВКонтакте (Dushanbe.travel), Тридс (dushanbe.travel) ва Телеграмм (dushanbe.travel) ва саҳифаҳои shohtour, somontravel.tj пайгирӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки ин иқдом аз соли 2024 амалӣ карда шуда, аз ҷониби доираи васеи сокинону меҳмонон ва сайёҳон бо хушнудӣ пазируфта шудааст.

АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Май 28, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид