Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори ИДМ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 22.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 май дар шаҳри Ашхободи Туркманистон ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо – сарвазирони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар рафти ҷаласа масоили марбут ба соҳаҳои иқтисод, нақлиёт, саноати кӯҳӣ ва металлургия, энергетика, кишоварзӣ, тағйирёбии иқлим, амният ва бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокдорони ҷаласа ба бехатарии экологӣ, аз ҷумла барқарорсозии минтақаҳое, ки аз амалиёти истихроҷи уран зарар дидаанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Зимни суханронӣ Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода иброз дошт, ки Тоҷикистон робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодиро бо кишварҳои ИДМ самти муҳими фаъолияти иқтисоди хориҷии худ медонад.
Ба таъкиди Сарвазири кишвар, барои кишварҳои ИДМ рушди инфрасохтори нақлиётӣ аҳамияти хосса дорад. Зеро роҳҳои логистикӣ асоси ҳамгироии моро таъмин мекунанд. Аз ин рӯ, Тоҷикистон Консепсияи ҳамгироии шоҳроҳҳои нақлиётии магистралиро дастгирӣ мекунад, ки аз қаламрави кишварҳои ИДМ мегузаранд.
«Таъсиси системаи ягонаи нақлиётӣ хароҷотро ба таври назаррас коҳиш дода, рақобатпазирии долонҳои логистикии моро афзоиш медиҳад», — таъкид дошт Сарвазири Тоҷикистон.
Дар фарҷом аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа санадҳои ниҳоӣ қабул гардиданд. Таъкид карда шуд, ки қарорҳо ва ҳуҷҷатҳои қабулшуда барои пешрафти минбаъдаи ҳамаи соҳаҳо дар кишварҳои ИДМ заминаи устувор фароҳам меоранд.













Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид






