Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 23.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади арҷгузорӣ ба саҳми фарзанди бузурги миллати тоҷик Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тандурустӣ ва рушди илми тиб дар арсаи ҷаҳон таъсис дода шуд.
Ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб иқдоми камназир дар сатҳи байналмилалӣ буда, қадами муҳим дар самти омӯзиши осори илмии ин фарзанди фарзонаи мардуми тоҷик дар ҷаҳон мебошад ва барои рушди илми тиб ва низоми байналмилалии тандурустӣ нақши муассир хоҳад гузошт.
Қобили зикри хос аст, ки дар осори илмии Абӯалӣ ибни Сино масъалаи саломатӣ ва беҳдошт мавқеи калидӣ дошта, мавзуъҳои вобаста ба саломатии инсон, муҳити зист ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дар мероси илмии ӯ васеъ инъикос ёфтаанд. Ба шарофати осори абадзиндаи хеш ибни Сино имрӯз низ ҳамқадами ҷомеаи башарӣ мебошад.
Таҳқиқоти илмӣ ва назарияву пешниҳодҳои амалии Абӯалӣ ибни Сино то ба имрӯз аҳаммияти илмӣ ва амалии хешро на танҳо нигоҳ доштаанд, балки барои рушди солимии ҷомеаи ҷаҳон, махсусан дар самти пешгирӣ кардани бемориҳои сироятӣ, ки солҳои охир аҳли башарро ба таҳлука андохтаанд, мусоидат карда, тавассути усулҳои ҳозиразамон тасдиқ гардидаанд.
Ҳоло дар кишварамон Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе як ноҳия ба номи ин нобиға номгузорӣ шудааст.
Ҳамзамон, ҳар сол 18 август тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” рӯзи таваллуди Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб дар кишвар ҷашн гирифта мешавад.
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб ҳамчун ташаббуси навбатии Пешвои миллат як иқдоми муҳим дар самти муаррифии илми тибби тоҷик ва бузурдошти хотираи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик буда, бори дигар собит месозад, ки шайхурраис Абӯалӣ Ибни Сино ҳамчун бузургтарин файласуф, олим, табиб ва шоири тоҷик дар рушду камоли тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гузошта, номи ӯ барои аҳли ҷаҳон азиз ва ҷовидонӣ гардидааст.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтани ҷоиза эътироф намудани дастовардҳои назаррас дар соҳаи тиб дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Фармони мазкур масъалаҳои таъсис, таҳияву тасдиқи низомномаҳо ва фонди ҷоизаро дар бар мегирад.
Иқдоми зикршуда ба ҳавасманд гардонидани олимони соҳаи тиб на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи байналмилалӣ равона гардида, бори дигар аз таърихи деринаи илми тибби тоҷик шаҳодат медиҳад ва дар ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи тандурустӣ ва беҳдошти байналмилалӣ саҳми бориз мегузорад.
Ба ҷоизаи мазкур шахсоне мушарраф мегарданд, ки дар рушди соҳаи тандурустии байналмилалӣ ва илми тибби ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гузоштаанд.
Бо итминон метавон гуфт, ки ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли масъалаҳои глобалии соҳаи тандурустӣ нақши муассир гузошта, чун дигар иқдомҳои сатҳи ҷаҳониашон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон ҷонибдорӣ меёбад.








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд






