35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Симои ноҳияи Дӯстӣ ба куллӣ дигаргун гардидааст

Июнь 13, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 13.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Дӯстӣ 269 иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода дода шуд. Биноҳои муосири соҳаи маориф, тандурустӣ ва истиқоматӣ на танҳо барои беҳтар гардидани хизматрасонӣ ба аҳолӣ, балки барои зеботар гардидани симои ноҳия мусоидат намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз бахши меъморӣ ва сохтмони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ хабар доданд.

Мудири бахши меъморӣ ва сохтмони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ҷӯрабек Идибегзода иброз дошт, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шарикони рушд, соҳибкорони ватанӣ, махсусан бо иқдому ташаббусҳои созандаи ҳар як сокини ноҳия мо тавонистем нақшаи пешбинишуда ва ҳамзамон давра ба давра иловагардидаро 100,7 фоиз иҷро намоем.

«Имрӯз 269 иншооте, ки сохта ба истифода додем, дар беҳбудӣ бахшидани зиндагии шоистаи сокинони ноҳия воқеан ҳам мусоидат мекунад. Бо анҷом додани корҳои бунёдкориву созандагӣ як қатор мушкилоте, ки бештар дар деҳаҳои дурдаст ҷой дошт, комилан роҳи ҳалли худро ёфтанд»,-афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ҷӯрабек Идибегзода таъкид намуд, ки бунёди биноҳои маъмурии ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои нави таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, майдончаҳои варзишӣ, бинои нави таваллудхона бо дастрасии таҷҳизоти муосир, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои нави саноатӣ, махсусан корхонаи истеҳсоли шифер, коргоҳи маҳсулоти ширӣ, марказҳои хизматрасонӣ, мумфарш ва таъмиру чароғон кардани роҳҳои дохили деҳаву байни ҷамоатҳо, кашидани хатти оби нӯшокӣ ва дигар корҳои ободонӣ боис гаштааст, ки сатҳи рӯзгори мардум беҳтар шавад».

Иттилоъ дода шуд, ки дар раванди ин бунёдкориҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтанд. Аз ҷумла, 486 ҷойи кори доимӣ ва 28 кори мавсимӣ ташкил гардида, асосан сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуданд.

Дар идомаи корҳои созандагию ободонӣ тасмим гирифта шудааст, ки сохтмони боз якчанд иншооти таъиноти гуногун то арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ сохта, ба истифода дода шавад.

Раванди корҳои ободониву созандагӣ нишон дод, ки мардум сарҷамъона, дилпурона, дилгармона ва бо ифтихори ватандустӣ дар обод намудани маҳали зист ва Ватани хеш камари ҳиммат бастаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 13, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд