Қабули қатъномаи Тоҷикистон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”
ДУШАНБЕ, 26.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бегоҳии 25 июн Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро аз рӯи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул намуд. Тавассути қатъномаи мазкур, давлатҳои узв уҳдадории муштараки худро ҷиҳати пешбурди сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо ҳамчун пояҳои муҳимми таъмини некӯаҳволии наслҳои оянда тасдиқ карданд.
Дар қатънома ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи СММ, ба вежа иродаи «наҷоти наслҳои оянда аз офати ҷанг» ва уҳдадории ҳалли мусолиматомези баҳсҳо бозтоб ёфтааст. Он инчунин аҳамияти Эъломия ва Барномаи амал оид ба фарҳанги сулҳро ҳамчун ваколати умумиҷаҳонӣ барои таблиғи фарҳанги сулҳ ва адами хушунат эътироф менамояд.
Тибқи муқаррароти ин санад, Маҷмаи Умумӣ солҳои 2027-2036-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда эълон кардааст. Ҳадафҳои асосии Даҳсола аз мусоидат ба таҳкими сулҳ, ташвиқи муколама ва мусолиҳа, инчунин дастгирии таомул миёни наслҳо, аз ҷумла кӯдакон, ҷавонон ва пиронсолон, бо назардошти ниёзҳо ва манфиатҳои наслҳои оянда дар таҳияи сиёсат ва равандҳои қабули қарорҳо иборат мебошанд.
Қатънома саҳми давлатҳои узв, роҳбарон ва халқҳоеро, ки тавассути равандҳои сиёсии фарогир, чораҳои эътимодбахш, барқарорсозии пас аз низоъ ва сармоягузориҳои дарозмуддат ба ваҳдати иҷтимоӣ дар таҳкими сулҳ, оштӣ, муколама ва ваҳдати миллӣ саҳм гузоштаанд, истиқбол мекунад. Қатънома хотирнишон месозад, ки ин таҷрибаҳои миллӣ ҳамчун манбаи арзишманди илҳомбахшӣ барои наслҳои имрӯза ва оянда хизмат мекунад.
Илова бар ин, дар қатънома аз уҳдадориҳои зимни Саммити оянда дар соли 2024 қабулшуда, инчунин аз қабули «Паймони оянда», ки дар он кишварҳои узв баҳри тақвияти ҳамкорӣ ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои наслҳои оянда уҳдадор шудаанд, истиқбол карда мешавад. Дар он инчунин таҳаввулоти мусбат дар Осиёи Марказӣ, хусусан талошҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар амри ҳалли мусолиматомези масъалаҳои сарҳадӣ, аз ҷумла имзои созишномаҳои дахлдор истиқбол карда мешавад.
Қатънома аз Дабири Кулл, ниҳодҳои махсусгардонидашуда, комиссияҳои минтақавӣ ва дигар ниҳодҳои СММ дархост менамояд, ки ҷиҳати татбиқи Даҳсола дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо ва ҷонибҳои манфиатдор мусоидат кунанд. Аз давлатҳои узв, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар шарикон ҷиҳати дастгирии татбиқи Даҳсола, аз ҷумла табодули таҷрибаву дониш даъват ба амал оварда шудааст.
Шоёни зикр аст, ки қабули қатъномаи мазкур бо ташаббуси навбатии Роҳбари давлати мо дар Маҷмаи Умумии СММ ба шароите рост меояд, ки дар минтақаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар мардуми осоишта ба хавфу таҳдидҳои гуногуни амниятӣ ва ҷангҳои хонумонсӯз дучор мебошанд. Он бешак аз нақши сулҳофару ваҳдатпарвари миллати тоҷик сарчашма гирифта, ҳамакнун саҳме дар таҳкими пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии фарҳанги сулҳ хоҳад буд.
Гузашта аз ин, иқдоми мазкур аз сӯи шахсияте ба мисли Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлате, ки мардумонаш даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузарониданд, ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд ва сабақҳои талхи он фоҷиаи миллиро ҳаргиз фаромӯш намекунанд, амри саривақтӣ ва зарурӣ мебошад.








Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҳафт иншооти соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва як гурӯҳ собиқ вакилони иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ мукофотҳои давлатӣ тақдим намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ дар деҳаи Ғиҷовак шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои муассисаи томактабии «Зирамоҳ»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ 10 иншооти навро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти томактабии «Орзу»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара майдонҳои муосири варзишӣ ва бозии кӯдаконаро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 95-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Маркази ташхисии минтақавии Агентии «Тоҷикстандарт»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Нозироти андозро мавриди истифода қарор доданд






