Қабули пешниҳоди навбатии Тоҷикистон аз ҷониби СММ рӯйдоди муҳимми фараҳбахш мебошад
ДУШАНБЕ, 27.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар саҳифаи таърихи халқи тоҷик боз як рӯйдоди муҳим бо ҳарфҳои заррин навишта шуд, ки аз ташаббуси бисёр одилона ва оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Рӯзи 25 июни соли 2026 зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» Қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид қабул гардид, ки дар шароити кунунӣ ниҳоят пураҳаммият буда, на танҳо барои Тоҷикистони азиз, балки барои тамоми сайёра нақши муҳим ва калидӣ мебозад. Тавассути Қатъномаи мазкур, ҳамаи давлатҳои аъзои СММ уҳдадорӣ гирфтанд, ки ҷиҳати пешбурди сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо ҳамчун пояҳои муҳимми таъмини некӯаҳволии наслҳои оянда талош менамоянд ва дар ин ҷода тадбирҳои арзишмандаро амалӣ карда, ҷиҳати уствориву пойдор нигоҳ доштани сулҳ дар саросаи олам кӯшиш мекунанд.
Ин қатънома дорои ҳадафҳои созандаву инсонгароёна буда, ба талаботи оииномавии СММ, аз ҷумла «наҷоти наслҳои оянда аз офати ҷанг» мувофиқат менамояд. Санади мазкур баҳри ташвиқи фарҳанги сулҳ ва арҷ гузоштан ба ин неъмати бебаҳо мусоидат карда, барои пешгирии ҳар гуна хушунат, зӯроварӣ ва ғасби кишварҳои хурди беҳимоят ёрӣ мерасонад. Ҳамин ҷиҳати масъаларо ба инобат гирифта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар табрикоташон ба муносибати қабул гардидани Қатъномаи мазкур ишора мекунанд, ки:
“Қатънома зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирӣ кардани низоъҳо, тақвияти таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳоро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун заминаи зиндагии шоистаи наслҳои оянда таъкид менамояд. Санади мазкур аз ҳамаи давлатҳо даъват мекунад, ки дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва арҷгузорӣ ба он дар ҳамаи сатҳҳо – аз оила, ҷомеа, кишвар ва минтақа то муносибатҳои байналмилалӣ талош варзанд”.
Воқеан, ҳадафҳои асосии эълон шудани Даҳсолаи сулҳ, пеш аз ҳама риоя кардану тақвият бахшидани ҳамгироӣ ва таҳаммулпазирӣ, инчунин ташвиқи муколама ва мусолиҳа барои расидан ба сулҳи пойдор мебошад. Дар ҳамин замина, Президенти кишвар нақши сулҳро ҳамчун омили муътамаду уствории ҷомеаи пешрафта маънидод карда, моҳияти онро чунин шарҳ медиҳад:
“Сулҳ фарҳанг аст, сулҳ масъулият аст, сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст, Сулҳ таъмин намудани адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи инсоният аст. Аз ин лиҳоз, сарнавишти наслҳои оянда ба тасмимҳое, ки мо имрӯз мегирем, вобаста мебошад. Мо вазифадорем аз худ ҷаҳоне ба мерос гузорем, ки дар он наслҳои ояндаи инсоният дар фазои сулҳу оромӣ имкони ҳамзистӣ, рушд ва ҳамкориро дошта бошанд”.
Сарвари давлат, арзиши фалсафиву иҷтимои сулҳро дуруст шарҳ дода, ғами насли ояндаи башарро мехӯрад ва орзу менамояд, ки пасояндагон дар шароити сулҳу субот умр ба сар баранд ва аз самари умр осоиш бинанд. Зеро кишвари азизамон то расидан ба сулҳ роҳи мураккаб, тулонӣ, душвор ва пурпечутоби ҷанги шаҳрвандиро паси сар кард ва ба ваҳдати комил ва сулҳи пойдор расид. Аз ин рӯ, мо бояд аз дигар давлатҳо дида,зиёдтару бештар қатъномаро тарғиб намоем ва сулҳро пойдору устувор нигаҳдорӣ намоем. Қатънома аз созмонҳои байналмилалӣ тақозо мекунад, ки ба хотири татбиқи Даҳсола талош намоянд ва ба кишварҳои некбин ҳамкороиро ба роҳ монда, дар ин ҷода аз таҷрибаи пешқадами кишварҳои сулҳпарвари дунё истифода намоянд.
Ташаббуси навбатии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмаи Умумии СММ дар шароите дастгирӣ ёфт, ки дар минтақаҳои гуногуни олам ҳазорҳо нафар мардуми осоишта ба хавфу таҳдидҳои гуногуни амниятӣ ва ҷангҳои хонумонсӯз рӯ ба рӯ мебошанд. Дар чунин шароит, эълон гардидани даҳсолаи сулҳ ба манфияти кишварҳои осебпазир ва давлатҳое, ки дар ҳолати ҷанг қарор доранд, равона шуда, барои пешгирӣ кардани роҳи ҷанг ва расидан ба сулҳ имконияти бештар фароҳам меоварад.
Дар ин ҷода ташаббусҳои Тоҷикистон ҳамеша қобили таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифта, пояҳои уствори мантиқӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ доранд. Махсусан, хидмати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фоъолияти пурсамари ин абармарди дунёи сиёсат намунаи олии расидан ба сулҳ дар кишвар ва минтақа мебошад. Соли 2025, рӯзи 31 март дар шаҳри бостонии Хуҷанд, «Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ» ба имзо расид. Ин Эъломия бо шукуҳу шаҳомат ва эътибори бузург «ҳамчун саннади дурахшон» ба сафҳаи таърих ворид гардид ва дар ин замина ҳамчун дастоварди фарҳангию маънавӣ ва миллии кишварҳои ба мо дӯсту ҳамсоя Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон ба ҳисоб мерафт. Ба ғайр аз ин, «Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар” тасдиқ гардид, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хуб эътироф шуд. Барои омода кардани санадҳои мазкур нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас мебошад. Ин абармадри таърихӣ бо риояи ойини давлатдорӣ, меҳанпарастӣ, инсондӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва покнажодии ниёконамон дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи хеш ғояи ваҳдат ва суботро ҷой дода, барои амалӣ шудани ин тадбир иқдоми ҷиддӣ гирифтанд ва ҷиҳати ба имзо расондани ҳуҷҷатҳои таърихӣ талош карданд.
Воқеан, Эъломияи Хуҷанд бо имзои сарони се давлати ҳамсояву ҳамдину ҳамфарҳанг – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров, муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар муносибатҳои некбинонаи ҳамсоядорӣ нақши бузург бозид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзои Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишварро “санади таърихӣ” номида, ишора карданд, ки: “Мо бори дигар қатъиян эълон намудем, ки аз арзишҳои сулҳ ва усулҳои ҳалли ҳамаи масъалаҳои мавҷуда аз роҳи муколама дар руҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, самимият, эҳтиром ва эътимоди ҳамдигар пештибонӣ мекунем”.
Дар ҳақиқат, Эъломияи Хуҷанд ин се давлат — Тоҷикистон, Қирғизистону Узбекистонро муаззаф намуд, ки дар баробари ҳамсоягии нек, ҳамкориҳову шарикии сеҷонибаро баробар вусъат бахшанд ва ба таҳкими дӯстии халқҳо заминаи мусоид фароҳам оваранд. Имзои Эъломияи Хуҷанд дар фазои мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ҷиҳати суботи минтақавӣ мусоидат намуд ва барои таҳкими эътимоди халқҳо, аз ҷумла осонии рафтуомад, тиҷорат, таълиму табобат шароити мусоид ба вуҷуд овард.
Идомаи рамзӣ ва амалии иҷрои саривақтии ин санадҳоеро, ки дар Тоҷикистон ба имзо расиданд, Форуми сулҳи Фарғона ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев моҳи октябри соли 2025 дар шаҳри Фарғона баргузор гардид, вусъат бахшид. Ин форум ҳамчун минбари нави минтақавӣ бо мақсади таҳкими муколама, эътимоди мутақобила ва густариши ҳамкорӣ миёни кишварҳои водии Фарғона таъсис ёфт. Дар кори он зиёда аз 300 нафар намоянда аз беш аз 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла намояндагони минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои коршиносӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд. Дар анҷоми форум Изҳороти муштарак қабул гардид, ки тибқи он форум ба як платформаи доимии ҳамкорӣ табдил ёфта, баргузории он бо навбат дар кишварҳои иштирокчӣ пешбинӣ карда шудааст.
Ба ақидаи коршиносон муҳимтарин омиле, ки барои баргузор шудани ин форум мусоидат намуд, қабули якдилонаи ду қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва Эъломияи Хуҷанду имзои Шартномаи сеҷониба маҳсуб меёбад.
Дар моҳи майи соли 2026 бо ибтикори давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ қатъномаҳо таҳти унвонҳои «Дар бораи ҳалли осоиштаи баҳсҳои сарҳадӣ» ва «Таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ ба хотири таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардиданд. Ин санадҳо нишонаи баландтарин эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз камолоти дипломатияи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд. Қатъномаи аввал барои ҷомеаи байналмилалӣ собит намуд, ки ҳатто мураккабтарин масъалаҳои ҳудудиву сарҳадӣ метавонанд ва бояд танҳо бо роҳи осоишта, тавассути гуфтушунид, бидуни муқовимат ва истифодаи қувва ҳаллу фасл гарданд. Қатъномаи дуюм бошад, заминаи амалии ин равандро тавассути густариши вобастагии мутақобилаи иқтисодӣ, рушди ҳамгироӣ ва татбиқи навовариҳо таҳким бахшид. Ду санаде, ки дар Тоҷикистон ба имзо расиданд, барои қабули ҳуҷҷатҳои болоӣ заминаи устувор фароҳам оварданд.
Форуми Фарғона ба ҷомеаи ҷаҳонӣ намунаи амалкунандаи раҳоӣ аз буҳрони беэътимодиро пешниҳод намуда, мавқеи кишварҳои минтақаро ҳамчун субъекти фаъол ва масъули муносибатҳои байналмилалӣ боз ҳам таҳким бахшид. Ин форум ба ҷомеаи байналмилалӣ собит сохт, ки ҳатто ҳассостарин ва мураккабтарин масъалаҳои фаромарзиро метавон бо муваффақият ҳал намуд. Дар ин радиф Эъломияи Хуҷанд ҳамчун санади боэътимод тавонист барои таъсиси чунин форум мусоидат намояд ва барои таҳкими сулҳу субот дар минтақа ёрии амалӣ расонад. Ҳуҷҷатҳои мазкур дар арсаи ҷаҳонӣ бори дигар обрӯйи Тоҷикистон ва мардуми тоҷикро баланд бардошт. Сарвари давлат муҳиммияти ин санадҳоро махсус ишора карда, дар табрикоти худ ба мазмуну моҳияти сулҳ баҳои баланд медиҳанд ва ба хиради мардуми тоҷик арҷ гузошта, аз ҷумла чунин изҳори назар менамоянд:
“Мардуми тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ ҳамчун меросдорони тамаддуни ориёӣ арзишҳои ҳамзистии осоишта, таҳаммулгароӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳоро ҳифз кардаанд ва гиромӣ доштаанд”. Бо ҳамин мазмун, аҳаммияти гуфтугӯи тамадунҳоро арзишманд дониста, Пешвои миллат илова мекунанд, ки: “Вазифаи мо аз он иборат аст, ки арзишҳои сулҳ, таҳаммулгароӣ, фарҳанги муколама ва эҳтиром ба гуногунрангиро ба наслҳои ҷавон мерос гузорем. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он сулҳу суботи комил, амният ва некуаҳволии инсон барои солҳои зиёд таъмин гардад”.
Чунин таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба арзиши сулҳ ва меросгузорӣ ба насли оянда, дар шароити феълӣ ниҳоят пураҳаммият буда, барои таҳкими ҷомеа ва рушди бемайлони он заминаи мусоид фароҳам меовард ваба рушди минбаъдаи кишвар роҳи муносиб боз менамояд. Бо ҳамин мақсад, Президенти мамлакат ният доранд, ки дар “соли оянда, дар арафаи 30-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ба мақсади оғоз бахшидан ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои шарик дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи баландро баргузор намоянд”.
Бо ин умеди нек, Роҳбари давлат эътимодашро ба мардуми шарифи Тоҷикистон баён карда, расидан ба қадру манзалати сулҳу субот ва ваҳдати миллиро омили муҳимми суботи ҷомеа ва пешрафти он маънидод менамояд. Мо низ бовар дорем, ки мардуми тоҷик ин дастуру ҳидояти Сарвари давлатро ҷонибдорӣ менамояд ва баҳри сулҳу оромӣ талош карда, аз халқҳои сулҳдуст даъват ба амал меоранд, ки ин неъмати бебеҳоро ҳифзу ҳимоя намоянд ва барои дар фазои осоишта умр ба сар бурдан саъйю кӯшиш мекунанд.
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон








СУЛҲИ БУНЁДКОРИ МО ОМАД! Дар нахустин гомҳои адабиёти тоҷикӣ шиори он ситоиши сулҳу оштӣ ва ҳамбастагии халқҳо буд
БУНЁДИ ШОҲРОҲҲО. Дар ин раванд якпорчагии Тоҷикистон ва ваҳдати воқеии мардум ба вуҷуд омад
РИСОЛАТИ ҶАҲОНИИ СУЛҲОФАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар ҳошияи қабул гардидани ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон
Ваҳдати миллӣ ҳамчун модели мукаммали сиёсию идеологӣ моҳияти ҳувияти миллии моро ташкил дод
Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб: «Фарҳанги сулҳ пурарзиштарин неъмат ва беҳтарин дастоварди халқи тоҷик мебошад»
Қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда рӯйдоди воқеан таърихӣ ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад
Дар Донишгоҳи миллӣ аз саҳми намоёни Тоҷикистон дар густариши сулҳи ҷаҳонӣ ёдовар шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба муносибати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон гузашти идона доир шуд
Дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон — ташаббускор ва таҳкимбахши сулҳ ва суботи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ» ҳамоиш доир шуд
НАШЪАМАНДӢ-ВАБОИ АСР. Саломатӣ ва озодиро интихоб намо, на вобастагиро!
ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАРУ СУЛҲПАРВАР — ИҚБОЛИ БАЛАНДИ МИЛЛАТ. Андешаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар дар ин хусус






