Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» – ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар роҳи таҳкими сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ
ДУШАНБЕ, 27.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити муосир масъалаи таъмини сулҳ ва амнияти байналмилалӣ ба яке аз масъалаҳои муҳимтарини рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Инсоният имрӯз бо таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла низоъҳои мусаллаҳона, терроризм ва ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, таҳдидҳои киберӣ, буҳронҳои иқтисодӣ ва тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ шудааст. Ҳамаи ин омилҳо нишон медиҳанд, ки ҳифзи сулҳ ва субот на танҳо вазифаи як давлат ё минтақа, балки масъулияти муштараки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Мавриди таъкиди хос аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои муҳими байналмилалиро, аз ҷумла дар самтҳои об, ҳифзи пиряхҳо ва рушди устувор пешниҳод намудааст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба дастгирӣ гардидаанд. Дар шароити мураккаб ва пешгӯинашавандаи ҷаҳони имрӯз ташаббусе, ки ба таҳкими сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ равона шудааст, аҳамияти вижа касб мекунад. Қабули Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид далели равшани эътирофи сиёсати сулҳҷӯёна, созанда ва ташаббускоронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Илова бар ин, қабули ин ҳуҷҷати муҳим аз нигоҳи сиёсӣ бозгӯи сатҳи баланди эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, натиҷаи татбиқи пайгиронаи сиёсати хориҷии муваффақ, сулҳҷӯёна ва созандаи давлат арзёбӣ мегардад. Аз нигоҳи таърихӣ низ қабули ин Қатънома дар марҳалае сурат гирифт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз ҳар вақти дигар ба таҳкими сулҳу субот, ҳамбастагӣ ва ҳамкории созанда ниёз дорад. Аз ин рӯ, аҳамияти он аз доираи як санади байналмилалӣ фаротар рафта, метавонад ҳамчун заминаи муҳими таҳкими муколамаи байни давлатҳо, густариши эътимоди мутақобила ва ташаккули фарҳанги нави муносибатҳои байналмилалӣ хизмат намояд.
Бояд таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ яке аз марҳилаҳои душвортарини таърихи навини худ — ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар намуд. Маҳз ҳамин таҷрибаи талхи таърихӣ аҳамияти сулҳу ваҳдат ва муколамаи созандаро барои давлат ва ҷомеа ба таври амиқ ошкор сохт ва собит намуд, ки роҳи музокирот, ҳамдигарфаҳмӣ ва созиш нисбат ба роҳи муқовимат ва зӯрӣ самарабахштар аст. Ин дастоварди бузурги таърихӣ дар партави сиёсати хирадмандона, сулҳҷӯёна, дурбинона ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин бо иродаи қавӣ ва талошҳои мардуми сарбаланди Тоҷикистон ба даст омада, кишварро аз хатари парокандагӣ ва нобудии давлатдорӣ наҷот дод ва барои оғози марҳилаи нави рушду пешрафти давлат заминаи устувор фароҳам овард. Имрӯз таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун яке аз намунаҳои муваффақи сулҳофарӣ ва оштии миллӣ эътироф мегардад.
Дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу субот ҳамеша ҷойгоҳи меҳварӣ дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли фаъолияти давлатии худ пайваста аз арзишҳои сулҳ, ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созандаи байналмилалӣ ҷонибдорӣ намуда, дар суханрониҳои худ таъкид мекунанд, ки сулҳ бояд ба фарҳанги умумии инсоният табдил ёбад ва таҳкими он танҳо тавассути муколама, эҳтироми мутақобила ва ҳамкории созанда имконпазир аст.
Маҳз таҷрибаи муваффақи сулҳофарии Тоҷикистон ба кишвари мо имкон дод, ки имрӯз дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои сулҳ, амният ва рушди устувор нақши фаъолу ташаббускор дошта бошад.
Моҳияти аслии Қатънома дар он аст, ки сулҳ на танҳо ҳамчун набудани ҷанг, балки ҳамчун фарҳанг, масъулият, эҳтиром ба шаъну шарафи инсон, таъмин намудани адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи инсоният, яъне дар маҷмуъ, шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва рушди ҳамаҷонибаи инсон арзёбӣ мегардад.
Ҳадафи асосии Қатъномаи ба ташаккули заминаҳои устувори сулҳ дар сатҳи ҷаҳонӣ, таҳкими ҳамкорӣ, пешгирии низоъҳо ва рушди фарҳанги сулҳ, ташвиқи муколама ва мусолиҳа бо назардошти ниёзҳо ва манфиатҳои наслҳои оянда дар таҳияи сиёсат ва равандҳои қабули қарорҳо равона гардидааст.
Боиси ифтихор аст, ки ҷиҳати татбиқ ва пешбурди ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ҳамоишҳо, форумҳо ва конфронсҳои сатҳи баланд баргузор мегарданд. Дар доираи ин чорабиниҳо масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, роҳҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва ҳалли мушкилоти умумибашарӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор мегиранд. Ин равандҳо Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор, майдони муколамаи созанда ва платформаи муҳими байналмилалӣ барои баррасии масъалаҳои глобалӣ ҳарчи бештар муаррифӣ менамоянд.
Дар идомаи ин раванд, соли 2027 дар шаҳри Душанбе баргузории конфронси байналмилалии сатҳи баланд ба ифтихори оғози «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» дар назар дошта шудааст. Ин ҳамоиши муҳим имконияти мусоид барои табодули таҷриба, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва ҳамоҳангсозии талошҳои муштарак дар самти таҳкими сулҳу амнияти ҷаҳонӣ фароҳам оварда, ба татбиқи амалии ҳадафҳои Қатънома такони тоза хоҳад бахшид.
Ҳамин тариқ, қабули Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» аз муҳимтарин дастовардҳои дипломатияи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёна, созанда ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин ташаббус бори дигар нақши фаъоли Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи байналмилалии сулҳ, амният ва рушди устувор бозгӯ намуда, мақоми кишварро ҳамчун давлати ташаббускор ва масъулиятшинос дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ таҳким мебахшад.
Нақши Пешвои миллат дар пешниҳод, муаррифӣ ва пешбурди ин ташаббуси байналмилалӣ арзиши калидӣ дошта, маҳз сиёсати хирадмандона ва эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон замина фароҳам овард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ин пешниҳоди дастгирӣ намояд. Қабули ин Қатънома на танҳо дастоварди навбатии сиёсати хориҷии Тоҷикистон, балки саҳми арзишманд дар таҳкими сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хотири наслҳои имрӯзу оянда мебошад.
Татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» метавонад ба таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ, пешгирии низоъҳо, рушди устувор, густариши ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста ва рушди ҳамаҷонибаи наслҳои имрӯзу оянда мусоидат намояд.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки ин ташаббус на танҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ ва башардӯстона дорад.
Камолиддин МУМИНЗОД,
раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








ОМОРИ МУОСИР ВА ЗАРУРАТИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ РАҚОБАТПАЗИР. Андешаҳо дар ин маврид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
12 АВГУСТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Беш аз 1700 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Чор ҳадафи стратегии Тоҷикистон дар самтҳои асосии рушди мамлакат қабул гардид
Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд
ТАВСИЯИ МУФИД. Доир ба тарзи тайёр намудани зардолуи хушк барои фасли зимистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ. Нақши ин ниҳод дар ҳифзу муаррифии дастовардҳои истиқлол муҳим аст
ТАВСИЯИ МУФИД. Доир ба пӯпаки ҷуворимакка ва фоидаи он
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ПАЙОМАДҲОИ ОН. Дар соҳаи кишоварзӣ ҳаво ва иқлим нақши аввалиндараҷа доранд
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон






