Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Гурҷистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Ираклий Кобахидзе оид ба рушду таҳкими ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон

Июнь 19, 2026 18:31

19.06.2026, шаҳри Душанбе

19-20 июни соли 2026 сафари расмии Сарвазири Гурҷистон ҷаноби Ираклий Кобахидзе ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Зимни мулоқот, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмию эътимод сурат гирифт, Тарафҳо аҳамияти сафари мазкурро ҳамчун саҳифаи нав дар таърихи муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон ба вежа қайд карданд.

Бо такя ба робитаҳои мустаҳками таърихӣ ва пайвандҳои чандинасраи дӯстӣ миёни мардумони ду кишвар, бо пойбандӣ ба тағйирнопазирии Протокол дар бораи барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон аз 4 августи соли 1994, бо итминони комил бар он, ки таҳкими пайвастаи муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд ба манфиатҳои дарозмуддати ҳарду давлат ҷавобгӯ мебошад, ҳамчунин бо саъю кӯшиш ҷиҳати идомаи таъмиқи шарикӣ ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон узви онҳо мебошанд, чунин қайд мекунанд:

1.         Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, азми хешро ҷиҳати таҳким ва густариши ҳамаҷонибаи дӯстӣ миёни мардумони ду кишвар изҳор доштанд. Давлатҳо дар асоси риояи усулҳои эҳтиром ба соҳибихтиёрӣ, баробарҳуқуқӣ ва манфиатҳои мутақобилан судманд, муносибатҳои худро бо эътимод ва эҳтироми тарафайн пайваста рушд хоҳанд дод.

Тарафҳо ҳавасмандиро ҷиҳати таҳкими баъдии робитаҳои сиёсӣ дар ҳамаи сатҳҳо изҳор намуданд. Дар ин замина, онҳо зарурати тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии парлумонии Тоҷикистон ва Гурҷистонро махсусан қайд карданд.

2. Тарафҳо омодагиро барои таъмиқи ҳамкориҳои фарогир дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёту транзитӣ ва кишоварзӣ, инчунин, илму маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, тандурустӣ, варзиш ва сиёсати ҷавонон тасдиқ карданд.

3. Тарафҳо бо боварӣ изҳор доштанд, ки муносибатҳои байнидавлатӣ байни ду кишвар айни замон дорои иқтидори бузург буда, барои рушди мунтазам қобили дурнамои васеъ мебошанд.

4. Тарафҳо тасдиқ карданд, ки таъмиқи ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ дар асоси дастгирии мутақобила дар масъалаҳои умдаи рӯзномаи байналмилалӣ, аз унсурҳои муҳими муколамаи байнидавлатии Тоҷикистону Гурҷистон маҳсуб меёбанд.

5. Ҳарду давлат баҳри таъмини сулҳу субот ва амният, таҳкими ҳамкориро дар доираи СММ, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ идома хоҳанд дод. Тарафҳо бо эътирофи нақши марказӣ ва ягонаи СММ, пойбандиро ба ҳадафу усулҳои Оинномаи он тасдиқ карданд.

6. Тарафҳо тақвият ва рушди баъдии ҳамкориро ҷиҳати идомаи мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории киберӣ ва муташаккили фаромиллӣ тасдиқ карданд.

7. Тарафҳо бо тасдиқи авлавият ба густариши ҳамкории иқтисодӣ, азми хешро ҷиҳати афзоиш додани тиҷорати мутақобила, дигаргунсозии содирот ва воридот, рушди бахшҳои кишоварзӣ ва энергетика, инчунин, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кӯҳӣ-металлургӣ, саноати сабук ва истеҳсолӣ иброз доштанд.

8. Тарафҳо аҳамияти густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоди рақамӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, инноватсия ва ҳукумати электрониро қайд намуда, ҷиҳати табодули таҷрибаҳои пешрафта дар ин самтҳо таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

9.  Тарафҳо аз имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон дар бораи таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ истиқбол намуда, аҳаммияти кори фаъолонаи онро ба мақсади тавсеаи ҳамкориҳои бисёрҷанба таъкид карданд.

10. Давлатҳо ба рушди робитаҳои мустақим миёни доираҳои соҳибкорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҳимояи сармоягузориҳои мутақобила мусоидат хоҳанд кард.

11. Тарафҳо соҳаҳои нақлиёту логистикаро ҳамчун омили таҳрикдиҳандаи рушди иқтисодӣ эътироф намуда, ҷиҳати мусоидат ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва истифодаи босамари иқтидори транзитӣ ба мувофиқа расиданд.

12. Тарафҳо ҳарчи зудтар барқарор намудани алоқаи мустақими ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Гурҷистонро ҷонибдорӣ карда, ҷиҳати таҳия ва татбиқи тарҳҳои муштарак дар соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсия омодагӣ иброз намуданд.

13. Ба мақсади тақвияти ҳамкориҳои башардӯстона, Тарафҳо тавсеаи робитаҳоро миёни муассисаҳои фарҳангӣ, илму маориф ва тандурустӣ, инчунин, марказҳои таҳқиқотӣ ва дигар институтҳои ҷомеӣ дастгирӣ хоҳанд кард.

14. Аз натиҷаи музокирот миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон санадҳои муҳим ба имзо расид, ки фарогири самтҳои асосии ҳамкории дуҷониба буда, заминаи боэътимоди ҳуқуқиро ҷиҳати татбиқи мутақобилан судманди иқтидори мавҷудаи ҳамкории ду кишвар фароҳам меорад.

ш. Душанбе, 19 июни соли 2026.

Июнь 19, 2026 18:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд