БЕҲТАРИН КИТОБХОН. Таҳти ин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад

Июнь 29, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 29.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китобхон» гузаронида мешавад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин китобхона хабар доданд, дар озмун аъзои фаъоли Китобхонаи миллӣ–хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, магистрантҳо, аспирантҳо, докторантон, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолӣ иштирок карда метавонанд.

Довталабон дар ду гурӯҳ–хонандагони то 18–сола ва аз 18–сола боло барои дарёфти унвони «Беҳтарин китобхон» байни ҳам рақобат мекунанд.

Ғолибони 3 соли охири озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» ҳуқуқи иштирок дар озмунро надоранд.

Ҳангоми муайян намудани ғолибон шумораи китобҳои хондашуда, китобҳои дархостшуда ва китобҳое, ки хонанда аз китобхона гирифтааст, ба назар гирифта мешавад.

Барои ҳарду гурӯҳ шаш ҷойи ғолиб муқаррар карда шудааст.

Ҳамзамон падару модароне, ки фарзандони то 14 солаашон дар озмун ғолиб гардидаанд, бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Қабули ҳуҷҷатҳо аз 10 то 25 июл муаяйн гардидааст. Ғолибни озмун то 14 августи соли 2026 муайян шуда, 4 сенябр дар Рӯзи китоб дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мегарданд.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Июнь 29, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд