Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба нақши Ваҳдати миллӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамоиш баргузор шуд
КӮЛОБ, 21.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 июн дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ ва нақши он дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ.
Ректори донишгоҳ Мунир Сафарзода иброз дошт, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамчун рӯйдоди сарнавиштсоз ва оғози марҳилаи нави рушди ҷомеа мақоми хос дорад. Маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандона, иродаи қавӣ ва талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ дар ҷомеа пойдор гардида, заминаи рушди ҳамаҷонибаи давлат фароҳам омад.
Дар ҷамъомад олимону муҳаққиқон дар мавзуъҳои «Саҳми калидии Пешвои миллат дар барқарор кардани сулҳу ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии ҷомеа», «Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ» ва «Ваҳдати миллӣ-кафили сулҳу субот ва рушди устувори Тоҷикистон» маъруза намуданд.
Таъкид шуд, ки сиёсати созандаву дурбинонаи Роҳбари давлат имрӯз Тоҷикистонро ба марҳилаи нави рушди устувор ва нуфузи байналмилалӣ раҳнамун сохтааст. Маҳз ваҳдати миллӣ ҳамчун арзиши муҳими сиёсиву иҷтимоӣ барои рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, болоравии фарҳанги сиёсӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дастовардҳои назарраси Тоҷикистон дар соҳаҳои маориф, энергетика, саноат ва инфрасохтор маҳсули муҳити орому созандаи ҷомеа мебошанд.
«Ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ, тарғиби арзишҳои сулҳу субот, ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон аз вазифаҳои муҳими аҳли илму маориф маҳсуб меёбад. Омӯзиш ва таблиғи таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон барои тарбияи насли ояндасоз ва рушди минбаъдаи ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳамияти бузурги назариявӣ ва амалӣ дорад»,- таъкид гардид дар ҳамоиш.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






